Хабарҳо

Қадршиносии иштирокчиёни ҷанги бузурги ватанӣ

Қадршиносии иштирокчиёни ҷанги бузурги ватанӣ
Бахшида ба 75 солагии ҷанги бузурги ватанӣ санаи 5-уми майи соли равон ба се нафар собиқадорони ҷанги бузурги ватанӣ: Рабиев Салом, Самиев Абдулло ва Мирзоев Аҳёхуҷа кӯмаки яквақтаи молию пулӣ расонида шуд.
Аз ҷумла аз ҳисоби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳар як нафари онҳо 6000 сомонӣ маблағи пулӣ ва аз ҷониби раиси вилояти Хатлон Ҳакимзода Қурбон 2500 сомонӣ ва аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия кӯмаки моддӣ аз қабили як халтаги орд, шакар биринҷ ва равған расонида шуд.
Тӯҳфаҳои молию пулӣ бо иштироки намояндаи ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмуродзода Шоиста, намояндаи вилояти Хатлон Давлатов Зайниддин ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Искандар Бобоназаров ба собиқадорони ҷанг тақдим карда шуд.
Ин амали нек аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва соҳибкорон дар иду ҷашнҳо пайваста амалӣ карда мешавад.