Хабарҳо

МУРОҶИАТНОМАИмақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ховалинг ба сокинони ноҳия оиди пешгирӣ ва паҳншавии бемории сироятии коронавирус.

МУРОҶИАТНОМАИ
мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ховалинг ба сокинони ноҳия оиди пешгирӣ ва паҳншавии бемории сироятии коронавирус.

Мардуми боору номӯси ноҳияи Ховалинг!
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг ба маълумоти Шумо эҳтиромона мерасонад, ки дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи Ҳукумати мамлакат, аз ҷумла дар ноҳияи Ховалинг оид ба паҳншавии бемории коронавирус ва илтиҳоби шуш Ситоди доимоамалкунанда фаъолият намуда истодааст ва то имрӯз оиди пешгирии ин беморӣ тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ гардидаанд.

Фаъолияти мунтаззами марказҳои савдои ноҳия, беморхонаву дармонгоҳ, бунгоҳҳои тиббӣ ва дигар корҳои омодагӣ зери назорати Ситодӣ доимоамалкунанда қарор доранд.
Аз ҳамаи сокинони ноҳия хоҳиш карда мешавад, ки пеш аз ҳама қоидаҳои беҳдоштии шахсиро ҳатмӣ риоя намоянд. Аз падару модарон эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки фарзандони худро назорат кунанд. Онҳоро ба китобхонӣ ва ба корҳои хоҷагидорӣ ҷалб намоянд ва кӯшиш кунанд, ки чӣ дар хона ва чӣ дар кӯча тозагиву қоидаҳои гигиениро риоя кунанд.
Сокинони арҷманди ноҳия!
Дар вақти суҳбат ва гашту гузор дар ҷойи кор ва кӯчаву деҳаҳои ноҳия ҳатман аз ниқобҳои муҳофизатӣ истифода намоед.
Аз Шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки ҳангоми мулоқот ва вохӯрӣ бо ҳамдигар аз бо даст салом кардан ва оғуш кашидан худдорӣ намоед, ҳангоми суҳбат аз якдигар дар масофаи якуним ду метр қарор гиред.
Ҳангоми дар кӯчаву боғҳо сайру гашт кардан, сару кор гирифтан ба чорво ва дигар корҳои хоҷагидорӣ дастони худро бо собун шустушӯ намоед ва бо маҳлули антисептикӣ тоза кунед. Ҳамеша дар хотир дошта бошед, ки саломатии ҳар яки мову шумо пеш аз ҳама дар дасти худи мо мебошад ва риояи қоидаҳои беҳдоштӣ ва иҷрои қатъии онҳо имкон медиҳад, ки одамон ба ин бемории сироятӣ гирифтор нашаванд.
Ҳамаи мо бояд дар фикри саломатии худ ва аҳли оилаи худ бошем ва дар ҳолати пайдо шудани нишонаҳои ин беморӣ бо худтабобаткунӣ машғул нашуда, саривақт ба табиби оилавӣ муроҷиат намоем.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ховалинг бо боварии комил изҳор менамояд, ки мо бо саъю талоши якҷоя, бо кӯмаку дастгирии шаҳрвандони бонангу номуси ноҳияи азизамон ин мушкилотро паси сар мекунем ва минбаъд низ ба хотири ободиву пешрафти ноҳияамон, ки як гушаи зебоманзари Тоҷикистони маҳбубамон мебошад аҳлона заҳмат кашем.
Дар баробари ин роҳбарияти ноҳия тамоми имконияту захираҳоро сафарбар месозад, ки барои сокинон шароити мусоиди табобатӣ фароҳам оварда, ҳамаи чораҳи заруриро доир ба ҳифзи саломатии ҳар як шаҳрванди ноҳия амалӣ намояд.
Ҳамзамон бо ин ба ҳамаи табибон, ҳамшираҳои шафқат, кормандон ва ҳайати хизматрасонии беморхонаву дармонгоҳ барои фаъолиятӣ шабонарӯзиашон изҳори миннатдорӣ менамоем.
Аз ҳар кадоми онҳо хоҳиш менамоем, ки ба муроҷиати шаҳрвандони ноҳия бо масъулияти баланд таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд, муомилаву муоширати инсонӣ дошта бошанд ва рисолати аслии худ – хизмат ба халқро адо намоянд.
Аминем, ки мардуми бонангу номуси ноҳияи Ховалинг дар ин рӯзҳои вазнин дар атрофи сиёсати одилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид шуда, бо истифода аз маърифат, одоби ҳамида, озодагӣ ва риояи суннатҳои миллӣ аз ин вабои аср эмин мемонанд.
Аз ҳамаи шаҳрвандони ноҳия даъват ба амал меорем, ки ба ҳар гуна овозаву хабарҳои дурӯғу ғаразноки душманони дохиливу хориҷӣ дода нашуда, бо сабру таҳаммул бошанд, ва умеди қавӣ дошта бошанд, ки мо дар муддати кутоҳ бо саъю кушиши якдигар аз ин вабои аср раҳо ёфта, тамоми имконияту нерӯи хешро барои рушди Тоҷикистони азизамон ва зиндагии боз ҳам беҳтари сокинони сарбаланди он равона месозем.
Бо боварӣ иброз менамоям, ки нияти пок ва хиради азалии миллатамон сипари наҷоти кишварамон мегардад.

Бо эҳтиром,
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг ва
Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия.