Аввалан бояд қайд намоем, ки воқеан саломатии аҳоли ин боигарии давлат мебошад. Дар ҳақиқат имрӯзҳо паҳншавии ин беморӣ дар сархати тамоми расонаҳои ҷаҳон қарор дорад. Албатта ин «вабои аср » дар Тоҷикистони азизи мо низ ба қайд гирифта шудааст. Ҳамагон огоҳӣ доранд, ки бемории сироятии коронавирус нави КОВИД -19 бо роҳи қатрагӣ – ҳавоӣ ва алоқавӣ (даст фишурдан, даст расонидан ба ашёи сироятнок ва ғайра) паҳн мегардад. Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдулозода аз ҳамкориҳои мутақобилаи судманди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишвари Полша ёдовар шуда, ташрифи табибони ин кишварро ба мамлакат идомаи ҳамкориҳои мутақобилан судманди ду кишвар арзёби менамояд . санаи 10- уми июни соли равон як гуруҳ мутахасситсони соҳаи тибби кишвари Полша аз Муассисаҳои давлатии «Беморхонаи клиники шаҳрии бемориҳои кудакона » боздид ба амал оварданд. Дар рафти вохури ҷонибҳо масъалаҳои пешгирӣ ва табобати беморони коронавирус нави КОВИД – 19-ро мавриди баррасӣ қарор доданд. Зикр гардид, ки ҳадаф ва мақсади ташрифи табибони Полша ба Тоҷикистон табодули таҷрибаи онҳо ба ҳамтоёни тоҷики хеш ҷиҳати пешгирӣ ва табобати бемории КОВИД- 19 мебошад. Ин гурӯҳи табибони Полша ба манотиқи гуногуни Тоҷикистон сафар карда, тайи як моҳ дар беморхонаву муассисаҳои табобатии мамлакат бо табибони тоҷик табодули таҷриба менамоянд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати Тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва дигар сохторҳои марбута тамоми талош ва кӯшишҳои худро дар роҳи пешгирии бемории вируси нави КОВИД-19 равона карда истодаанд то ҳарчи зудтар пеши роҳи он гирифта шавад.
Сабтҳои охирин
ЧОРАБИНИИ ҲАРБӢ СИЁСӢ
Имрўз 20 июни соли 2025 дар майдони Фурудгоҳи ноҳияи Ховалинг Дар асоси дастуру супоришҳои Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ҳимояи сарҳади давлатӣ, омодабошии ҷангӣ, тайёрии дастаҳои худмуҳофизати минтақаҳои мудофиаи ҳудудӣ, муҳофизати иншооти муҳимми давлатӣ, пешгирии хатарҳои диверсионию тахрибкорӣ аз ҷониби дастаҳои мусаллаҳ, ташкили хадамоти комендантӣ ва инчунин омодагии […]
МАЪРУЗАИ АБДУЛЛО РАҲНАМО ДАР МАСЪАЛАИ ПАЙМОНИ МИЛЛӢ
Дар бораи Паймони миллӣ, ки Шумо савол кардед фикри ман ин аст, ки ман дар ин ҳаракат на паймонро мебинам на миллиро, зеро паймон ҳолатест дар сиёсат, ки гуруҳи ҳизбу ҳаракатҳои воқеӣ байни ҳам эътилоф мекунанд ва як неруи васеи фарогирро ба вуҷуд меоранд.
Интихоби мо -Пешвои миллат
Сулҳи Тоҷикистон ба тамоми маънӣ ба фаъолияти сиёсии Президенти мо, мухтарам Эмомалӣ Раҳмон зич вобаста аст. Зимни баромадҳояш бо қатъият изҳор намуда буд: “Қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила, барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гулгулшукуфоии ватани азизам садоқатмандона меҳнат менамоям”. Маҳз, бо шарофати ҷонбозиҳои ӯ раванди […]