Соли 1991 бо пош хӯрдани кишвари паҳновари Шӯравӣ мувозинати манфиатҳои геополетикию геостротегӣ давлатҳои абарқудрати ҷаҳон халардор гардид. Дар таърихи аҳли башар марҳилаи сифатан нави сиёси давраи нави зери таъсири абарқудратон қарор гирифтани минтақаҳои ҷаҳон пеш аз ҳама қаламрави собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва Аврупои Шарқӣ фаро расид. Ба истиқлолияти давлати расидани Тоҷикистон ба мисли ҳамаи ҷамоҳири давлати Шӯравӣ ба ҳамин давраи ҳассоси рушди ҷомеаи башари рост омад. Тоҷикистони тозаистиқлол ҳам ба мисли ҳама ҷузъҳои дигари он давлати пошхӯрда ба бӯҳрони амиқи сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ рӯ ба рӯ омад. Нишонаҳои нахустини ҳолати бӯҳрони ҳанӯз аз соли 1990 ки алакай сиёсати мутамаркази Иттиҳоди Шуравӣ заиф гашта буд зуҳур мекард. Ҳодисаҳои солҳои 90 ва 91-и асри гузашта ва оқибат даҳшатҳои соли 1992 бар аъло собит намуданд, ки равшанзамирон бо ақлу идрок ва амалу рафтору кирдорашон рисолати зиндагисоз доран, нафарони худхоҳ ва бефикрату нотавонбин ба онҳо душмани меварзанду бадгӯӣ мекунанд. Шефтаи ҳадафҳои нопок ва ғайри хаёлоти зишт дигар ҳама одаму оламро фаромӯш карда, танҳо ба хотири ҷалби таваҷҷуҳи атрофиёну афзудани ҳаммаслакони хеш аз разолату ҳасодат ва бешарафи бевиҷдониҳояшон натарсидаю нашармида, туҳмату бӯҳтонро силоҳ карда, барои амали кардани ғаразҳои шахсӣ ва ё гурӯҳии хеш сафедро сиёҳи гӯён худро нафратзадаю расво мекунанд.Чунин шахсон мутаассифона дар рӯзгори мо низ ҳастанд. Яке аз онҳо ва пештозу думликконашон раиси ТТЭ ҲНИ Муҳиддин Кабирист. Ин худбохтаю раҳгумзадаи замони мо то ба ҳадде гӯмроҳу зулматнишин шудааст, ки дигар шуълаҳои дурахшону мунаввари зиндаги низ аз ӯ нафрат доранд кӯр шудааст қалби касифу тинати ношарифаш аз равшанию равшангароӣ ҳарос дорад. Имрӯз қариб 10 млн нафар аҳолии мушкилнописанди Тоҷикистон шукронаи ин Ватани ободу шукуфо мекунанд, зеро саодати ин халқи ҷафо кашида буд, ки Офаридгор дар симои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба давлату мллати мо Пешвои муззаме ато фармуд, ки халқро ба сӯи иттиҳоду ҳамбастагӣ, иқболу хуррамиҳо ва асолату худшиносӣ раҳнамоӣ кард. Дар роҳи пур шебу фарози бунёди давлатдории миллӣ, ҳар қадами ин ҷигарбанди фархундапайи миллати фаррухнаҷоди мо файзбору пурбаракат аст. Бо дидани ин ҳама воқеиятҳои зандагӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар як соҳибватану соҳибдавлат то фалак сар мефарозаду меболад, ки ӯ бо Тоҷикистон ва Тоҷикистон бо ӯст.
Раҳматуллоева М.