Ба истиқлолияти давлати расидани Тоҷикистон ба мисли ҳамаи ҷамоҳири давлати Шӯравӣ ба ҳамин давраи ҳассоси рушди ҷомеа башарӣ рост омад. Тоҷикистони тозаистиқлол ҳам ба мисли ҳама ҷузъҳои дигари он давлати пошхӯрда ба бӯҳрони амиқи сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ рӯ ба рӯ омад. Нишонаҳои нахустини ҳолати бӯҳронӣ ҳануз аз соли 1990, ки алакай сиёсати давлати мутамаркази Шӯравӣ заиф гашта буд зуҳур мекард. Ҳодисаҳои солҳои 90 ва 91-и асри гузашта ва оқибат даҳшатҳои соли 1992 барало собит намуданд, ки мардуми Тоҷикистон пеш аз ҳама роҳбарияти он вақтаи ҷумҳурӣ ба чунин гардиши чархи таърих омода набуданд. Тамомои мақомоти марказии давлати дар як муддати нисбатан кӯтоҳ зимоми роҳбарии кишварро аз даст доданд. Соли 1992 гурӯҳҳои тундрави ифротгароӣ Тоҷикистон чун нерӯи қаввии қудратталаб шакл гирифта нерӯҳҳои хостори сохти демократиро канор гузоштанд ва бо истифода аз мавҷҳои бархостаи озодихоҳи ба муборизаи ошкорро баромаданд. Дар натиҷа мардуми аз сиёсат ба низоъҳои хатарноки манфиатдорони дохилию хориҷӣ бехабар ба ду самтгар тақсим шуданд. Дар ду майдони ба ҳам наздики маркази шаҳри Душанбе ки он вақт яке “Шаҳидон” ва дигаре “Озодӣ” номида мешуд, ду гирди ҳамоии бисёр ҳазор нафара ташкил ёфт. Талабу дархостхои мардуми ду майдон комилан муқобили ҳамдигар буд. Бо рух додани чунин ҳолат вазъияти сиёсии пойтахт ва умуман кишвар шиддати бесобиқа пайдо намуд. Айбдоркунӣ ба таҳдидҳои мутақобилаи гирдиҳамо омадагони ду майдон то ба ҳадде шиддат гирифт, ки дигар онҳо гӯшу ҳуши шунидан ва таҳамул кардани алфози ҳамдигарро надоштанд. Ба майдони муборизаҳои сиёсӣ ва мансабталоши кашидани мардуми оддӣ, ки аз умқи сиёсатбозиҳо ва қудратталабиҳои пурхатар ҳеҷ огаҳи надошт яке аз фоҷиаҳои асосии он замон ба шумор мерафт. Аксари муборизони роҳи бунёди ҷомеаи демократӣ хусусан мардуми оддии гирди ҳам омада гумон ҳам надоштанд, ки кор то ба ҳадди ҷанги бародаркуш мерасад, ба ғайр аз гурӯҳҳои тундрави ифротгаро. Муборакшоев Ш.
Сабтҳои охирин
Опытный Таджикистан
Как известно, Республика Таджикистан одно из первых государств в постсоветском пространстве, которое столкнулось с проблемой экстремизма. Этот фактор особо выделяется в условиях гражданской войны 1992-1997 гг. Рассматривая эту проблему сквозь призму сегодняшних процессов, можно с уверенностью утверждать, что проблема экстремизма тогда не была столь актуальной, как сейчас.
اجتماع الرئيسين المشاركيين لوفدي حكومتي طاجيكستان وقرغيزستان
مواضيع ذات صلة في 12 ديسمبر 2023، تم عقد اجتماع للرئيسين المشاركين للوفدي الحكوميين لجمهورية طاجيكستان وجمهورية قيرغيزستان بشأن تحديد ووضع علامات على حدود الدولة بين طاجيكستان وقرغيزستان، سيمومين يتيموف وكامشيبيك تاشييف، في مدينة بادكاند، جمهورية قيرغيزستان. لكسب واك خاور مثلا عن لجنة الدولة للأمن القومي بجمهورية طاجيكستان. وناقش الرئيسان خلال الاجتماع نتائج فرق العمل […]
Терроризм ва экстремизм-масъалаи басо мушкили ќарн.
“Вазъи ноороми ҷаҳони муосир шаҳрвандони кишварро вазифадор месозад, ки ба хотири таъмини суботу оромӣ ва ободиву пешрафти Ватани маҳбубамон ҳамеша муттаҳид сарҷамъ бошанд ва бо заҳмати софдилона кишвари худро боз ҳам неруманд гардонда, насли наврасро дар рӯхияи ватандӯстиву ватанпарварӣ ва ҳисси ифтихори миллӣ тарбия намоянд”. Эмомалӣ Раҳмон Терроризм падидаи номатлуби замони муосир буда, фаҳмиши […]