Гурӯҳҳои ифротгаро бо дастуру ҳидоятҳои хоҷагони хориҷии худ барои ба сари қудрати сиёсӣ расидан солиёни зиёд омодагӣ дида буданд ва аз рафтору гуфторашон барало айён буд ки аз ҳеч гуна паёмадҳои муборизаи ҳадафмандонаашон ҳарос надоштанд. Ҳамин тавр сарриштаи муборизаҳои сиёсии нерӯҳои демократии кишвар ки худ ҳанӯз хуб ташакул наёфта буданд ба зуди ба дасти гурӯҳҳои тундрави ифротгаро гузашт. Онҳо бо суханпардозиҳои моҳиронаи худ мардуми оддиро чунон ба васвоси худ гирифтор карданд, ки мардуми бечора бо роҳи ҳиллаю найранги онҳо ва амалу ҳаракатҳои онҳо пайрави менамуданд. Дар шаҳри Душанбе аз ҷониби нерӯҳои мухолифи ҳукумат як созмоне бо номи “Ситоди наҷоти Ватан” ташкил шуд, ки аслан як дасгоҳи истинтоқу шиканҷаи ашхоси ба кори онҳо муқобил буд. Моҳи апрел бошад гурӯҳҳои тундави мухолифин чандин бор кормандони дастгоҳи президент, ҳукумат ва Шӯрои Олии Мамлакат аз ҷумла 15-нафар вакилони Шӯрои Олӣ ва ду муовини раиси шӯрои вазирони мамлакатро гаравгон гирифтанд. Рӯзи 3-юми майи соли 1992 дар назди бинои Қозиёти мамлакат ба гирди ҳамомадагони тундрави майдони Шаҳидон аслиҳаи оташфишон тақсим кардашуд. Роҳбари гвардияи президенти Генерал Баҳром Раҳмонов ба ҷониби мухолифони ҳукумат гузашт. Баъди ин ҳодиса президенти Тоҷикистон Р. Набиев аз ҳисоби гирдиҳамомадагони майдони “ Озодӣ ” гвардияи нави миллӣ ташкил дод. Ҳамин тариқ намояндагони ҳар ду майдон аввал бо калтаку оҳанпора сипас бо силоҳи оташфишон мусаллаҳ шаванд. Дар миёни ду майдон аниқтараш дар чорроҳаи хиёбони Рудакӣ ва ҳозира кӯчаи Ш. Шоҳтемур, ки дар наздикии ҳозира Меҳмонхонаи Тоҷикистон қарор дорад, ҳатто як тубхона аслиҳаи вазнини артилерӣ рӯ ба ҷониби майдони “Озодӣ” гузошта шуд. Мирзоева Д.
Сабтҳои охирин
ВАРШАВА. ОБСЕ. 24.09.2019 – Выступление Валиева Иноятуллохона
Posted on Author khovaling
Выступление Валиева Иноятуллохона -ВАРШАВА. ОБСЕ. 24.09.2019
Ғаразҳоро аз дил биронед!
Posted on Author khovaling
Вобаста ба ҳаёти осоиштаи мардуми тоҷик дар воситаҳои ахбори омма, махсусан, сомонаҳои интернетии расонаҳо як қатор матолиби зиддунақиз, суҳбату мусоҳибаҳо ва баёнияву изҳоротҳо рӯи сафҳа пайдо мешаванд.
Гулсифат Шарипова аз кумаку дастгириҳои Мақомоти иҷоияи ноҳияи Ховалинг изҳори хурсандӣ намуд
Posted on Author khovaling
Дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳӯ ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати дастгирӣ ва кумак ба оилаҳои ниёзманд, беморону барҷомондагон ва нафарони имконияти маҳдуддошта имрӯз намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг як нафар бемор, маъюби гуруҳи 1-умро аёдат намуданд. Ин нафар Гулсифат Шарипова сокини деҳаи Сари Осёби Ҷамоати деҳоти Ғаффор […]