Мавҷудоти ҳар як давлати миллии соҳибистиқлол аз сатҳу савияи худшиносиву ҳувияти мардуми он вобаста аст. Агар миллат худогоҳу худшинос аст, пас пояҳои давлати миллӣ устуворанду истиқлоли давлати осебнопазир ва ё баракс агар мардуми кишвар худшинос набошанд ва ҳувияти миллиашон заифу нопурра бошад, пас он ба истиқлоли давлати миллӣ хатар эҷод мекунад. Ин аст, ки таблиғи ифтихори ватандорӣ ва худшиносии миллӣ асоси мафкуравии давлатҳои миллист, ки ҳадафи он шакл додани ҳувияти миллии ҳама қишрҳои ҷомеа мебошад. Ин ё он андеша ҳамон вақт неруву тавон дорад, ки агар фарогиру пурвусъат буда, миллионҳо нафар ҷонибдору муътақид дошта бошад. Ба ин хотир, ҳама гуна андешаву мафкураҳо ба масъалаҳои ташвиқу таблиғ диққати аввалиндараҷа медиҳад, бо ҳам дар набард мешаванд, зеро танҳо ба ин васила метавон сафи муътақидонро афзуд ва мафкураҳои бегонаро заиф сохт. Давлати соҳибистиқлоли мо аз ин раванд истисно нест. Бисту нуҳ сол инҷониб, моҳияту ҷавҳари сиёсати мафкуравии давлати Тоҷикистонро тарғибу таблиғи худшиносиву ҳувияти миллӣ ташкил медиҳад, ки ҳадаф аз он худшиносу худогоҳу ватанхоҳу миллатпарвар намудани шаҳрвандони кишвар ба ҳисоб меравад. Чунонки Пешвои миллат дар робита ба ин таъкид намудаанд: “Пешрафти устувори миллат ва ҷомеа дар ҷаҳони муосир, қабл аз ҳама, ба ифтихори баланди милливу ватандорӣ худшиносиву худогоҳии афроди он ва садоқату муҳаббати фарзандонаш ба ин сарзамини аҷдодӣ вобаста мебошад”. Яке аз чунин иқдомҳои ҳувиятсози Пешвои муаззами миллат, эълон намудани соли 2006 – чун соли бузургдошти тамаддуни ориёӣ мебошад. Ва басо ба маврид аст, ки партави ҷашни бошукӯҳи 30-солагии истиқлолияти давлатӣ мо 15-умин солгарди бузургдошти тамаддуни ориёиро низ истиқбол хоҳем кард.
Сабтҳои охирин
Аз беномусон,терористону экстемистон ватанро бояд хифз кард.
Бояд дарк кард, ки дар охири асри ХХ ва ибтидои асри ХХ1 инсоният ба хатари ҷиддие мисли терроризм ва экстремизм рӯ ба рӯ шудааст, ки ба бақои одаму олам таҳдид мекунад. Тавре Пешвои миллат иброз доштанд: “Имрӯзҳо равандҳои геополитикӣ ҳамоно мураккабу печида боқӣ монда, боиси афзоиши мухолифату низоъҳо, шиддат гирифтани рақобат ва талоши кишварҳо барои […]
Радди ифродгароӣ аз дидгоҳи ҷавонон.
Имрӯз мардуми шарифи Тоҷикистон оид ба фаъолияти бархе аз ҷавонмардони Ватан ба хубӣ огоҳӣ пайдо намуда, ба ин қабил фарзандони нохалаф изҳори нафрати худро баён намуда истодаанд. Пайваста ҷараён гирифтани андешаронии аҳли ҷомеаи кишвар дар телевизиону радиоҳои маҳаллӣ оид ба фаъолияти ин нохалафон ва сурат гирифтани маҳкумкунии ҳамаҷонибаи кирдору рафтори ин гурӯҳҳо самараи хуберо ба […]
Нишасти матбуотӣ дар сатҳи зарурӣ анҷом ёфт.
Тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011, таҳти №1729 ва нақшаи тасдиқнамудаи раиси вилояти Хатлон, имрӯзҳо дар шаҳру ноҳияҳои вилоят нишасти матбуотии раисони шаҳру ноҳияҳо баргузор гардида истодааст. Бо мақсади таъмини иҷрои Фармони мазкури Сарвари давлат санаи 24 июли соли 2020 дар толори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия нишасти васеи намояндагони […]