Хабарҳо

Ташкилоти террористӣ экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ.

Ташкилоти террористию экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ сияҳкору фитнаҷӯ ва ҳаммаслакони онҳо ҳамчун сиёҳкорон ба ҷомеа зарар расонида, фитна ангехтаву дурӯғ паҳн карда, ҷавононро гумроҳ намуда, ба роҳҳои нодуруст мебаранд. Наҳзатиҳо бар ивази луқмаи ҳаром ҷиҳати иҷрои супоришҳои хоҷагони аҷнабии тоҷикситезашон иборат аз гурӯҳҳои 2-3 нафара, зери номҳои гуногун, вале дар асл ҳамаги фармонбардори як хоҷа чун доғи сиёҳ зуҳур карда, бешармона гӯё байни худ ба созиш расида, дар таъсиси боз як гурӯҳи ҷангҷӯ бо номи “Паймони миллии Тоҷикистон” муваффақ шуда бошанд. Тоҷикистон дар интиҳои асри 20 бо кӯшишҳои баъзе қувваҳои носолим, ҳизбҳо ва гурӯҳҳои сиёсиву иртиҷоӣ ба вартаи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ афтод. Ҷанг боиси зиёди хисороти молию чонӣ гардид. Хушбахтона тавассути заҳматҳои шабонарӯзии Сарвари давлати Тоҷикистон барои таъмини амният ва ҳимояи манфиатҳои ҳаётан муҳими худ ҳамаи имкониятҳои мавҷударо истифода намуд, имрӯз тамоми мардум сарҷамъ дар фазои сулҳу ваҳдат зиндагони доранд. Дар айни ҳол ҳадафҳои асосии сиёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмини ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон, ҳифзи соҳибихтиёрӣ, якпорчагии давлат, роҳандозии муносибатҳои дӯстонава хайрхоҳона бо ҳамаи давлатҳои ҷаҳон мебошад. Мутаассифона, ташкилотҳои террористию экстремистие ҳастанд, ки мехоҳанд бо ҳар роҳу васила ваҳдату суботи моро халалдор намоянд. Пӯшида нест, ки тариқи расонаҳои хабарӣ, яъне бо усули муборизаи иттилоотӣ хоинони давлату миллат аз дур истода санги маломат ба тарафи мо мепартоянд. Бо мақсади паст задани мавқеи давлати тоҷик дар миқёси байналхалқӣ ва минтақавӣ, махсусан зери интиқод гирифтани Ҳукумати имрӯзаи кишвар, изҳороту нигоштаҳои зиёди хусусияти интиқодӣ дошта аз ҷониби ташкилоти террористӣ ва экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ (ТТЭ ҲНИ) ба назар мерасад. Ташкилотҳои террористӣ экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ бо доираҳои ғаразҷӯ ва манфиатҳои дар ҷомеа тибқи барномаҳои таҳрезишуда ва ҳадафманди хоҷагонаш дар хориҷ аз кишвар зидди миллати тоҷик мубориза мебарад, аммо ба мақсадҳои нопокаш нахоҳад расид.

Котиби матбуотии дастгоҳи раиси ноҳия

Раҳматуллоева М.