Ҳар як шахси солимфикр ба хусус ҷавонписарон аз замони қадим хизмати ҳарбиро қарзи шаҳрвандии хеш дониста, аз давраҳои пеш баҳри дифоъи Ватан ҷонро фидо мекарданд. Ин нангу номуси Ватандустиву ватанпарастии халқи тоҷик аз даврони пеш сар карда то ба имрӯз идома ёфта истодааст, ки мисоли он ба сафи хизмати ҳарбӣ даъват шудани наваскарон мебошад. Имрӯзҳо мушоҳида мегардад, ки ҷавонписарони ба нангу номус на ба роҳи зӯриву зорӣ балки худихтиёрона бо сари баланд ва ҳуввияти милливу хештаншиносӣ барои хизмати ватан ҳозир мешаванд, чунки дарк менамоянд, ки дар хизмат онҳо аввалан дарси мардонагиву садоқат ба Ватани азизи зуд, дарси ҳурмату эҳтироми валидон, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, ҷасорату муқобилят нишон додан бар зиддӣ душманони Ватнро меомӯзанд. Боиси хурсандиву хушнудии тамоми мардуми тоҷик аст, ки имрӯзҳо даъват ба хизмати ҳарбиро сад фоиз иҷро намудаанд. Аз даврони пеш нафаре, ки хизмати ҳарбиро ба ҷо меовард, соҳиби ҳурмату эҳтироми ҳамагон буда ба ӯ ҳаматарафа эътимоду боварӣ буд, то ҳатто агар хостгорӣ мерафтанд нахустсаволи хонадони арӯс ин чунин буд. Оё он нафар хизмати ҳарбиро иҷро намудааст ё не?. Чун дар оила фарзандро бо ахлқи ҳамида хонишу соҳиби маърифат будан тарбия мекунанд, пас дарси мардонагиву ҷасорат, шуҷоат ва ҳифзи ватан нигоҳ доштани сирри давлат аз даст надодани зиракии сиёсӣ, шомил нашудан ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоиро хизмати ҳарбӣ меомӯзад. Пас хизмат ба ватан ва ҳифзи марзу буми он қарзи шаҳрҳандии ҳар як шахс буда хизмат ба ватан ин хизмат ба модар аст. Аз ин хотир мо ҷавонони далеру ҷасур бовраии комил доранд, ки онҳо сарбаландона баҳри ҳифзи ватани худ камари ҳиммат бананд.
Сабтҳои охирин
Амалҳои террористӣ боиси кушта шудани теъдоди зиёди одамони бегуноҳ мегардад.
Мегӯянд, ки терроризм падидаест, ки инсониятро дар тулии таърихи мавҷудияташ ҳамроҳӣ намуда омадааст, ки ин беасос нест. Зеро дар ибтидои асри 16 ҷомеаи ҷаҳонӣ бо хатари ҷиддие, ки одаму оламро таҳдид менамояд рӯ ба рӯ гаштааст, ки номи он терроризм мебошад. Дар охири асри 19-20 амалҳои террористӣ бештар характери сиёсӣ гирифта, доираи фаъолияти террористон хеле […]
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ХОВАЛИНГ БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛИИ МАЪМУРӢ ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД
Дастгоҳи раиси ноҳия: Сармутахассиси маъмурию ҳуқуқии шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси ноҳия, 1-ҷой, маоши мансабӣ 1809, 60 сомонӣ; Талаботи тахассусӣ барои ишғоли мансаби сармутахассис – таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ҳуқуқшинос, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад; – 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи […]
ҚАҲРАМОНОН НАМЕМИРАНД!
Дар ҳама давру замон фарзандони асилу ҷонфидои миллати тоҷик бо ҷасорату матонат ва шуҷоату қаҳрамонии хеш номашонро дар саҳифаҳои таърих абадан сабт кардаанд. Дар ноҳияи Ховалинг бахшида ба 30- солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва “Рӯзи милитсия тоҷик” иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ховалинг Набизода Фаррухиддин ба аёдати оилаҳои сарбозону афсароне, ки дар ҳифзу ҳимояи хоки […]