Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва умуман дар асри ҳозир на ҳамеша имкони назорат ва табодули андеша муваффақ мешавад. Аксарият бинобар сабаби кам будани вақт ва зиёд будани маълумоти бардурӯғ фирефта мегарданд ва бештар ҳамин ҳолат сабаби бой додани мустақилияти инсонҳо мегардад. Як сабаби аслии гумроҳ шудани ҷавонон ҳам маҳз ҳамин аст, аз саросемагӣ ва зиёд будани маълумоти бардурӯғ онҳо наметавонанд, мавқеъгирӣ намоянд. Инро ҳам ба ибораи дигар метавон зарбаҳои нодурусти психологӣ ҳам номид. Аслан дар ҳолати ноумедӣ ва маъюс ҳарор додани инсонҳоро гурӯҳҳои ифротӣ зиёд истифода намуда дар наздиктарин фурсат исонро гумроҳ менамоянд. Ҳамин равандро саркардагону роҳбарони ТЭТ ҲНИ низ исти истифода намуда, тариқи паҳн намудани ахбори бардурӯғ, овардани далелҳои нодурусту бепоя, танқиди шахсиятҳо ва ворид шудан ба ҳарами шахсӣ ба боварии мардум медароянд ва дигаронро гумроҳ месозанд. Чизи дигаре, ки Кабирӣ ва дигари хоинон истифода менамуданд, ин фанатизми динӣ мебошад, ки садҳо ҷавон ба ҳамин ироҳ қурбон шуд. Акнун ҳамаи ин нағмаву формулаҳои Кабирӣ ошкор гардид ва ҷавонон дигар бо дурӯғу афсонаҳояш бовар намекунанд ва ин ба он боис гардид, ки палидони назҳати бо номи нав худро муаррифӣ созанд, аммо мақоми мардуми ҳаст, ки “хар ҳамону ҷулу пордумаш нав”. Хоинон ҳамеша ба ранги пул менигаранд на ба аҳволи мардум ва миллати худ. ТЭТ ҲНИ барои Кабирии хоин фақат як лоиҳаи тиҷорати асту халос. Дар он на аз манфиати динӣ гап мераваду на аз ҳифзи фарҳангу таърихи миллат. Ин ташкилоти таъсисдодаи хориҷиҳост, ки бар зарари миллат кор мекунанд ва аз ин ҳисоб Кабирии палид пул кор мекунад.
Сабтҳои охирин
Маҷлиси якҷояи бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо бо эмомхатибон пурмуҳтаво гузашт
Posted on Author khovaling
Маҷлиси якҷояи бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо бо эмомхатибон пурмуҳтаво гузашт Чанде пеш дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия тибқи нақшаи кории бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо эмомхатибони масҷидҳои панҷвақта ва ҷомеъ ҷамъомад доир гардид. Дар ин ҷамъомад раиси ноҳия Акрамзода Парвиз […]
Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ хабар медиҳад
Posted on Author khovaling
ДУШАНБЕ, 04.07.2021. /АМИТ «Ховар»/. Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ хабар медиҳад, ки соати 18:00-и рӯзи 4-уми июли соли 2021, гурӯҳи мусаллаҳи ҳаракати «Толибон» вулусволии Хоҳони вилояти Бадахшони Ҷумҳурии Исломии Афғонистонро бидуни амалиёти ҷангӣ ишғол намуданд.