Вақте ки калимаи терроризмро ба забон меорем, дар пеши назарамон пеш аз ҳама куштори бераҳмонаи одамони бегуноҳ занон, кӯдакон, пиронсолон, хароб ва вайрону валангор намудани биноҳои муассисаю ташкилотҳо, хонаҳои истиқоматбтӣ бе сарпаноҳ мондани ҳазорҳо одамон, гуреза ва бе хону мон шудани онҳо ва дигар мусибатҳои гушношунид пеши назар меояд. Вақте симои террористро тасвир менамоем, суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пеши назар меояд, ки гуфта буд: “Террорист ватан, миллат, дину мазҳаб надорад”. Агар ба қадри Ватан мерасид, ба гуфтаи Худою Расул амал мекард, ҳеҷ гоҳ ба ин роҳи хато намерафт. Маълум аст, ки қисме аз ҷавонондар масоили динию дунявӣ дониши кофӣ надоранд, ба осонӣ фирефтаи ҳиллаю найрангҳои равияҳои бадкешу ифротгаро мешаванд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудааст ва аз минбари баланди СММ ҳам ба ҷаҳониён таъкид намуд, ки “номи поки исломро бо зуҳуроти даҳшатноку нафратовари терроризм олуда кардан иштибоҳи маҳз аст. тамоюли торафт қуввтгирифтаистода ва сиёсӣ намудани ислом фақат бар зарари он сурат гирифта, дар назди оламиён симои поки аҳли онро манфур намоиш медиҳад”. Суоле ба миён меояд, ки оё мо метавонем пеши роҳи шомилшавии ҷавононро ба чунин гурӯҳҳои тундгаро пешгирӣ намоем? Албатта метавонем дар сурате, ки падару модарон бо дарки баланди масъулиятшиносӣ тамоми бандҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” – ро дар амал иҷро намоянд. Зеро танҳо шахси солим бо мулоҳизаи солими хеш метавонад, ки таҳаввулоти сиёсию иҷтимоии рӯзро дар тарозуи ақл санҷида, ба манфиати давлату миллати худ ва хеш истифода намояд. Ҳамчунин корҳои тарбиявиро дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот ва алалхусус дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва асосӣ тақвият бахшидан зарур аст, то ки шогирдон дар руҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва инсондӯстӣ тарбия ёбанд. Вақте ки ҷавонон моҳияти аслии терроризмро мефаҳманд, дар бораи мақсаду мароми он маълумот пайдо менамоянд ва вақте медонанд, ки чунин амалҳо дар назди қонун нобахшиданӣ ва ҷиноят ба ҳисоб меравад. Дар ҳоле ки қадри Ватан – Модар, дину мазҳаб, тинҷию осудагӣ, зиндагии осоиштаро дарк намоянд, ҳеҷ гоҳ ба роҳи хато қадам намегузоранд.
Сабтҳои охирин
Ҷамъбасти семоҳаи аввали рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия дар соли 2020
Љамъбасти семоњаи аввали рушди иљтимоию иќтисодии ноњия дар соли 2020 Санаи 20-уми апрели соли равон дар толори хурди маќомоти иљроияи њокимияти давлатии ноњия маљлиси љамбастии семоњаи рушди иљтимоию иќтисодии ноњия баргузор гардид. Дар маљлис раиси ноњия Акрамзода Парвиз Акрам, муовинони раиси ноњия, роњбари дастгоњи раиси ноњия, сардорони раёсату кумитањо, мудирони шуъбаю бахшњо, роњбарони ташкилоту муассисањо, […]
Ҷанҷгуёни гуруҳҳои терористие, ки дар Ироқу Сурия ҷойгиранд.
Ҷанҷгуёни гуруҳҳои терористие, ки дар Ироқу Сурия ҷойгиранд. Шомилшавӣ ё худ руй овардани чавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву эксттремистӣ имрӯзҳо тамоми мамолики дунёро ба ташвиш оварда, ба масоили мубрами рӯз табдил ёфтааст. Боиси тааассуф аст, ки айни замон миёни гурӯҳҳои ҷангӯ, ки дар давлатҳои ҷангзадаи Афғонистон Покистон, Ироқ Сурия бархе аз чавонони гумроҳи тоҷик […]
ОСЕБШИНОСИИ МАКТАБИ МИЛЛӢ (Эҳсоси Масъулият Ва Буҳрони Бекифоятӣ)
(Дар ҳошияи мақолаи профессор С. Ятимов – «Тавоно бувад, ҳар кӣ доно бувад» (андешаҳо перомуни Паёми Пешвои миллат), маҷаллаи “Илм ва Ҷомеа”, №1(31), 2023) Марди таърихсоз