Хабарҳо

Филми “Бешарафӣ” як симои ҳинитии бешарафро ба мардум нишон дод

 

Филми ҳуҷҷатии “Бешарафӣ” бори дигар ҳодисаҳои фоҷиабори солҳои 90 – уми асри гузаштаро, ки саркардагони ҳизби террористӣ – экстремистии наҳзати  ислом, бо дастури хоҷагони хориҷӣ, дар ивази маблағҳои калони ба даст оварда ба сари мардум мусибати гӯшношунидро бор намуданд, ба ёд овард. Қурбониҳои ин ҷанги шаҳрвандӣ (онро ҷанги бемаънӣ ҳам ном мебаранд) хеле зиёд аст. Ғаму андуҳи ба сари мардум овардаи наҳзатиҳо на танҳо калонсолон, балки тифлону хурдсолонро ҳам аз ҳаёти ширини бачагӣ ва наврасӣ маҳрум сохт. Муҳаммадиқболи Садриддин ҳам яке аз ин қурбониҳост. Падари  Муҳаммадиқболи Садриддин  Қаландаров Садриддин, ки боиси бешарафии фарзандаш мегардад, шахси бадахлоқ аз одоби инсонгарӣ дур буд.

Имрӯз ба касе пинҳон нест, ки ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ба амаловардаи саркардагони ҲНИ ҷанги таҳмилӣ буд ва мақсади асосии наҳзатиён аз байн бурдани давлати конститутсионӣ ва ба ҷойи он бунёди давлати  исломӣ  бо дигар кардани мазҳабу урфу одати миллӣ буд. Дар ҳайати  таъсисдиҳандагони ин ҳизби хунхори  назҳати ислом аксарашон одамони бо ном шайху мулло, дар асл бадахлоқ, ҳаромхӯр, фиребгар, золим, бешараф ва дурӯя буданд. Инро дар мисоли яке аз таъсисдодагони ҲНИ, дасти рости Абдуллоҳи Нурӣ Садриддин Қаландаров падари Муҳаммадиқболи Садриддин дидан мумкин аст. Бо ин ҳама шармандагӣ сар карда ва яке аз шахсони бонуфузи ҲНИ  ба ҳисоб мерафт. Дар давраи гуреза будан  дар Афғонистон ҳам  Абдуллоҳи Нурӣ  дасти  раҳмат ва шафқатро аз сари  ӯ дур намекунад. Ӯро масъули тақсим намудани ёриҳои башардӯстона ба муҳоҷирони тоҷик мегузорад. Ӯ чӣ кор мекунад? Гӯр сӯзаду дег ҷӯшад, – гуфтаги барин ёфтагияшро мефурӯшаду аз ин кор маблағи калон ба даст меорад. Ҳамаи ин аз шаҳодати сокинони Афғонистон, ки дар филм оварда шудааст, бар меояд.

Садриддин Қаландарови худнамо  писараш Муҳаммадиқболро ба дасти Мулло Шариф номи муллои дар гузашта муҳоҷир барои таҳсил месупорад. Маҳз аз тарбияи оила дур мондани Муҳаммадиқбол  ва дар кӯча беҳуда  сайругашт намуданаш сабаб шуд, ки ӯ ба дасти Қумандон Ғулом номи қумандони бачабози афғон биафтад ва давоми як сол мавриди бачабозӣ қарор бигирад.  Садриддин Қаландаров дар охири умр кишти намудаашро даравид. Баъд аз дасти Қумандон Ғулом харидани Муҳаммадиқболу аз шарм ва аз Амиробод ба шаҳри Ҳирот кӯчидан алакай дер шуда буд. Муҳаммадиқбол барои таскини дарди бедавои гирифторшудааш шабҳо аз хона гурехта, ба марказҳои чунин бачабозиҳо мерафт.

Мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот  ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ Саидҷалол Сатторов