Имрӯз гурӯҳҳои террористию экстремистӣ бо амалҳои фоҷиаборашон мардуми сайёраро ба таҳлука андохтаанд. Ҳадафи ин гурӯҳҳои ифротӣ бо роҳи зӯроварӣ дигар сохтани сохти конститутсионӣ, ноором сохтани ҷомеа, куштор, ғасби ҳокимият,гаравгонгирӣ, барангехтани низоми миллӣ ва дигар амалҳои фоҷиабор мебошад. Террористон бо роҳҳои гуногун, аз ҷумла ба воситаи интернет ва дигар воситаҳои иттилоотӣ пайваста кӯшиш менамояд, ки ҷавонони ноогоҳ, таҳсилнодидаро бо роҳи фиреб ва ваъдаҳои ҳавоӣ, ба монанди соҳиби пулу сарват шудан, дар ҳолати фавт рост ба биҳишт афтодан ва дигарҳо ба сафи худ ҳамроҳ менамоянд.
Мутаассифона, бо таъсири воситаҳои иттилоотӣ баъзе ҷавонони сустирода, ноогоҳ ба доми онҳо афтида, боиси марги садҳо одамон, таркиш, паст шудани обрӯ ва нуфузи давлат дар арсаи байналмилалӣ мегардад.боиси таассуф аст, ки аз мамлакати мо ҳам чунин ҷавонони гумроҳ ҳастанд, ки дар ҳайати гурӯҳҳои ифротӣ бар зидди мардуми осоишта барои ваъдаҳои бардурӯғи саркардагони худ меҷанганд ва хуни ноҳақ мерезанд. Тоҷикистон дар мубориза бо терроризму экстремизм дар сафи пеши мубориза меистад. Бигузор ду конференсияи сатҳи ҷаҳонӣ дар шаҳри Душанбе дар соли 2019 ҷиҳати муборизаи дастаҷамъонаи давлатҳо ба муқобили ин вабои аср далели гуфтаҳои болост. Дар муқобили амалҳои ваҳштбори гурӯҳҳои тундгаро зарур аст, ки корҳои таблиғотию ташвиқотиро дар миёни ҷавонон ҷиҳати баланд бардоштани масъулиятшиносии онҳо дар таҳкими сулҳу субот, озодию истиқлолият давлатӣ ва таъмини амнияти миллӣ боз ҳам хубтару беҳтар ба роҳ монем. То замоне, ки ҷавонони мо худогоҳу худшинос нагарданд, то он вақте онҳо ҳисси ифтихори миллӣ пайдо накунанд, хавфи шомилшавии онҳо ба чунин гурӯҳу равияҳо аз байн намеравад. Дар ин кори ниҳоят муҳим оила, мактаб ва муҳит масъулияти баробар доранд. Як роҳи осон ва самарабахши худогоҳи ва худшиносии ҷавонон ва дар онҳо пайдо гардидани ифтихор аз Ватану ватандорӣ аз хурдӣ дар онҳо бедор намудани завқи китобхонӣ мебошад. Оне, ки ба китоб дил мебандаду мунтазам китоб мехонад, аз онҳое, ки китоб намехонад, бо дониш, ақлу фаросат, рафтор, фасоҳати сухан, эҳтироми падару модар, одамони гирду атроф, дӯст доштани Ватани аҷдодӣ, дигар хислатҳои писандида ва ҳамида аз якдигар фарқ мекунанд.
Бо ибтикори Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола баргузор намудани озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Тоҷикистон Ватани азизи ман”, ба ҳар хонадони мардуми кишвар туҳфа намудани китоби алома Бобоҷон Ғафуроов “Тоҷикон” ба ҳамин хотир ва ба ҳамин мақсад амалӣ карда мешавад. Яъне ҷавонон аз гузаштаи худ бохабар гарданд, худро бишиносанд, гузаштаи худро бидонанд, ба қадри Ватан, миллат, фарзандони фарзона ва шуҷои ин марзу бум, ки барои пойдории давлату миллат ҷонбозиҳо намудаанд, бирасанд. Итминони комил дорем, ки падару модарон, омӯзгорон ва дигар одамони калонсол бо дарки хондани китоб дар бедор намудани ҳисси худшиносии кӯдакону наврасон ва ҷавонон мерасанд ва дар бедор намудани завқи китобхонии онҳо аз худ ибратмандӣ нишон медиҳанд.
Директори китобхонаи марказӣ
Маҳсиддин Сайтоҷов