Хабарҳо

Ташкилотхои террористи ва экстремисти- манфиатхои милливу давлатиро ќурбони нафас кардаанд.

         Дар хотир бояд дошт, ки хоинону бадхоҳони давлату миллати мо онҳое, ки манфиатҳои милливу давлатиро қурбони нафас кардаанд ва имону виҷдони худро ба хоҷаҳои хориҷиаашон фурӯхтаанд, ҳанӯз ҳам аз ниятӯ нақшаҳои ғаразноки худ даст накашидаанд. Аз ин лиҳоз, мо бояд ҳамеша дар фикри ҳимояи сулҳу оромӣ, суботу сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ бошем, зиракии сиёсиро аз даст надиҳем ва дар ғафлат намонем.

        Вазъи геополотикии ҷаҳони муосир, вазъи минтақаҳои гуногуни олам метавонад, натанҳо ба оромию осоиштагии рӯзгори мардуми мо, балки ба аксари мамолики тараққиёбанда ва ё ақибмонда таъсири басо азим расонад. Ифротгароии миллию мазҳабӣ ва ривоҷ ёфтани терроризму-экстремизм дар даҳсолаи охир аксари сиёсатмадорони ҷаҳон ва инсонҳои ба сиёсатшиносию ҷомеашиносӣ машғул ва мардуми сайёраро ба ташвиш овардааст. Ба мақсади решакан намудани терроризм соли 1999 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонун “Дар бораи мубориза бар зидди терроризм” қабул карда шуд. Ин қонун терроризм- яъне зӯроварӣ ё таҳдиди истифодаи он нисбат ба шахсони воқеӣ маҷбур кардан ё таҳдиди истифодаи он нисбат ба шахсони ҳуқуқӣ, ҳамчунин нобуд сохтан ё таҳдиди нобуд сохтани амвол ё ин ки дигар объектҳои моддии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро маҳкум месозад. Солҳои охир фаъолияти террористӣ ва экстремистии созмонҳои алоҳида таъсири манфии худро ба вазъияти ҷамиятию сиёсии давлатҳо мерасонанд. Бо қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин ташкилотҳо террористиӣ ва ё экстремистӣ эътироф шуда, фаъолияти онҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудааст. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки терроризм бевосита ба амнияти Тоҷикистон ва, дар маҷмуъ, ба Осиёи Марказӣ таҳдид мекунад. Дуруст иҷро гардидани нуқтаҳои асосии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” яке аз роҳҳои пешгирӣ намудани сарчашмаҳои наврасону ҷавонон аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротӣ мебошад. Айни замон яке аз масъалаҳои муҳиму мубрам ва мушкилоти асосие, ки боиси нигаронии ҷомеа гардидааст, ин пешгирӣ аз фаъолияти таҳрибкоронаи ҳизбу ҳаракатҳои динӣ- экстремистӣ ва созмону ташкилотҳои террористӣ мебошад. Ғайр аз ин гаравиш ба сафи ташкилоту созмонҳои байналмилалии эктремистӣ-террористӣ дар шаҳру вилоятҳои Федератсияи Русия аз ҳисоби шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд, ташвишовар мебошад. Зеро аз муҳити ватани хеш канда шуда, ҷавонони ҳанӯз тафаккуру андешаи миллиашон ташаккулнаёфта, раҳгум мезананд. Рафтору гуфтор ва кирдору корҳои ба анҷомдодаи ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, чуноне, ки борҳо таъкид карда шудааст аз он шаҳодат медиҳад, ки дар замони муосир эктремизм ва терроризм хусусияти байналмилалӣ дошта, барои ин гуна зуҳурот сарҳади байнидавлатӣ, миллат ва дин, муқаддасоти дигар низ вуҷуд надорад. Аз ин лиҳоз, барои баланд бардоштани самаранокии мубориза бо терроризм ва дигар зуҳуроти эстремистӣ ҳамкорӣ ва мусоидати ҳар як фарди ҷамъият барои пешгирӣ ва мубориза алайҳи ҷиноятҳои трансмиллӣ лозим аст. Гарчанде ки мубориза бо терроризм ва экстремизм вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои дигари давлати мебошад, ҳамзамон дар ин ҷода дастгирии ҳаматарафаи шаҳрвандону ҷомеаи шаҳрвандӣ низ зарур аст. Барои он ки гаравиш аз тарафи ҷавонон ба ин гуна равияҳои ифротгароӣ аз байн бардошта шавад, бояд масъалаҳои таълим ва тарбия дар муассисаҳои миёнаи таҳсилоти умумӣ, муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ беҳтару хубтар ба роҳ монда шавад. Аз ин лиҳоз мо, ба ҷавонон ҳадафҳои ифротиёнро фаҳмонда диҳем. Ҳисси нафрат ва бадбиниро нисбати терроризм, ва эктремизм ва ҳизбу ҳаракатҳои тундрав ва равияҳои номатлуб бедор намоем. Зеро ки мубориза алайҳи терроризм ва экстремизм вазифаи ҳар фарди ватандӯст ва ҳар як шахси комилҳуқуқи ҷомеа мебошад.

Эмомов Ҳотам

Директори маркази алоқаи почтаи ноҳия Ховалинг