Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг роҳҳои ҳудуди Ҷамоати деҳоти Шугнов барои мунтаззам ҳаракат намудани нақлиётҳо сангфарш ва ҳамвор карда шуда истодаанд.
То ин вақт роҳҳо дар ҳолати ногувор қарор дошта, дар ин самт чуқуриҳои роҳ нисбатан зиёд буд, ки ба ҳаракати нақлиётҳо мушкилиҳо эҷод менамуд.
Алҳол ин мушкилиҳо бартараф гардида, мардум метавонанд аз роҳҳои ҳамвору сангфарш истифода намоянд.
Ҳамзамон сокинони маҳаллаҳои ҳудуди Ҷамоати деҳоти Шугнов ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг ва дастандаркорони ин ташаббус ва созандагӣ изҳори сипосу миннатдорӣ баён менамоянд.
Ин амали хайру созандагӣ омодагӣ ба фасли сармои зимистон мебошад, ки мардум тавонанд дар ин фасли сармо бемамноият аз роҳхо истифода намуда, мушкилиҳоро бартараф созанд