Дар асоси дастуру супоришҳо ва иқдому ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати амалӣ намудани корҳои ободонию созандагӣ ва таъмини зиндагии шоиста ва шароитҳои мусоид барои аҳолӣ, аз ҷумла таъмини мардум бо оби тозаи ошомиданӣ мутобиқи Барномаи БҶИИМК дар вилояти Хатлон лоиҳаи Хати оби нушокӣ дар деҳаи Дустии Ҷамоати деҳоти Ғаффор Мирзо ба роҳ монда шуд.
Лоиҳаи мазкур аз тарафи ҶДММ Бозоргон директораш Абдусалом Саъдиев бо дастгирӣ ва маблағгузории Ташкилоти байналмилалии ОҒОХОН амалӣ гардида, дар деҳаи мазкур оби нушокӣ бароварда ба истифода дода шуд.
Саннаи 1-уми декабри соли 2023 маросими баистифодадиҳии оби нушокӣ дар деҳаи Дустии Ҷамоати деҳоти Ғаффор Мирзо баргузор гардида, 103 хоҷагии деҳаи мазкур бо оби нушокӣ таъмин гардиданд. Дар ин маросими ифтитоҳӣ Менеҷери барномавии БҶИИМК дар вилояти Хатлон Зулфиев Ҷиёнхон, Муҳандиси БҶИИМК дар вилояти Хатлон Қурбонов Валӣ, сафарбаркунандаи ҷомеаи БҶИИМК дар вилояти Хатлон Исматов Раҷабалӣ, раиси ноҳияи Ховалинг муҳтарам Мирзозода Музаффар Бурҳон, муовини аввали раиси ноҳия Рауфзода Саймумин, раиси Ҷамоати деҳоти Ғаффор Мирзо Афзалбӣ Файзова, директори ҶДММ «Бозоргон» Абдусалом Саъдиев ва дигар шахсони масъул ширкат доштанд.
Сараввал Муҳандиси БҶИИМК дар вилояти Хатлон Қурбонов Валӣ суханронӣ намуда, дар бораи лоиҳаи хати оби нушокӣ ба таври мухтасар маълумот дод.
Раиси ноҳияи Ховалинг муҳтарам Мирзозода Музаффар Бурҳон низ суханронӣ намуда, ба дастандаркорони ин лоиҳа изҳори миннатдорӣ намуд ва аҳолии деҳаи Дустиро барои ба ин муваффақият ноил гардиданашон муборакбод гуфт ва барои сарфакорона истифода бурдани оби нушокӣ аҳолии деҳаро таъкид намуд.
Сипас, Менеҷери барномавии БҶИИМК дар вилояти Хатлон Зулфиев Ҷиёнхон низ суханронӣ намуда, фикру ақидаи худро перомуни ин ташаббус ва иқдоми хайрхоҳона иброз дошт.
Раиси Ҷамоати деҳоти Ғаффор Мирзо Афзалбӣ Файзова аз номи ҳама сокинон ва бошандагони деҳаи мазкур бобати дастгирӣ ва кумаки барномаи мазкур ба дастандаркорон изҳори миннатдорӣ намуд.
Баъд аз ин ҳайати меҳмонон ба якчанд ҳавлии сокинони деҳаи Дустӣ ташриф оварда, бо истифодабарандагони оби нушокӣ суҳбат оростанд.
Сокинон аз ин иқдоми соҳибкорон хушҳол буда, ба аҳли меҳмонон ва он нафароне, ки ин лоиҳаро роҳандозӣ намуданд, миннатдории беандоза баён карданд.
Дар доираи ин лоиҳа дар муассисаи таҳсилоти умумии асосии №26, ки дар деҳаи Дустӣ мавҷуд аст, сохтмони ҳоҷатхона бо тарҳи наву замонавӣ ба роҳ монда шуда, дар муҳлати кутоҳ ба истифода дода шуд.