Хабарҳо

Ҳар як фард бояд нисбати терроризм ва экстремизм ҳисси нафрат дошта бошад

Вазъи геополотикии  ҷаҳони муосир, вазъи минтақаҳои гуногуни олам метавонад на танҳо ба оромию осоиштагии рӯзгори мардуми мо, балки ба аксари мамолики тараққиёбанда ва ё ақибмонда таъсири басо азим расонад. Ифротгароии миллию мазҳабӣ ва ривоҷ ёфтани терроризму экстремизм дар даҳсолаи охир аксари сиёсатмадорони ҷаҳон ва инсонҳои ба сиёсатшиносию ҷомеашиносӣ машғул ва мардуми сайёраро ба ташвиш овардааст. Фаъолияти ин гурӯҳҳо- гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ, ҳамчунин созмонҳои алоҳида таъсири манфии худро ба вазъияти ҷамиятию сиёсии давлатҳо расонида истодаанд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки фаъолияти гурӯҳҳои террористию экстремистӣ бевосита ба амнияти Тоҷикистон ва дар маҷмуъ, ба Осиёи Марказӣ таҳдид мекунад ва яке аз масъалаҳои муҳиму мубрам, ки мушкилоти асосӣ маҳсуб ёфта, боиси нигаронии ҷомеа гардидааст, ин пешгирӣ аз фаъолияти таҳрибкоронаи ҳизбу ҳаракатҳои динӣ-экстремистӣ ва созмону ташкилотҳои террористӣ мебошад. Зеро, гаравиш ба сафи ташкилоту созмонҳои байналмилалии эктремистӣ-террористӣ дар шаҳру вилоятҳои Федератсияи Русия аз ҳисоби шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣқарор доранд, ташвишовар буда, моро водор месозад, ки нисбати ин масъала бетараф набошем. Зеро ҷавонони аз муҳити  ватани хеш канда шуда, ҳанӯз тафаккуру андешаи миллиашон ташаккулнаёфта, раҳгум мезананд

Бо мақсади решакан намудани ин зуҳурот, яъне терроризм соли 1999 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонун “Дар бораи мубориза бар зидди терроризм” қабул карда шуд. Ин қонун терроризм-яъне зӯроварӣ ё таҳдиди истифодаи он нисбат ба шахсони воқеӣ, маҷбур кардан ё таҳдиди истифодаи он нисбат ба шахсони ҳуқуқӣ, ҳамчунин нобуд сохтан ё таҳдиди нобуд сохтани амвол ё ин ки дигар объектҳои моддии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро маҳкум месозад. Ҳамчунин, бо қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин ташкилотҳо террористӣ ва ё экстремистӣ эътироф шуда, фаъолияти онҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудааст.

Бояд иброз намоем, ки  экстремизм ва терроризм хусусияти байналмилалӣ дошта,  барои ин гуна зуҳурот сарҳади байнидавлатӣ, миллат ва дин, муқаддасоти дигар низ вуҷуд надорад. Зеро, ки мубориза алайҳи терроризм ва экстремизм вазифаи ҳар фарди ватандӯст ва ҳар як шахси комилҳуқуқи ҷомеа аст. Иҷрои талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” низ яке аз роҳҳои пешгирӣ намудани сарчашмаҳои шомилшавии наврасону ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ мебошад.

Ҳотам Эмомов   Директори МАП-и ноҳияи Ховалинг.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *