Хабарҳо

ЭКСТРЕМИЗМ ВА ТЕРРОРИЗМ АЗ ҶУМЛАИ ХАТАРҲОИ ТОРАФТ ВУСЪАТЁБАНДАИ ҶАҲОНИ МУОСИР МЕБОШАД

Ховалинг: Андеша. Дар солҳои аввали ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ дар Тоҷикистон ҳам бар асари таъсири омилҳои айнӣ ва ҳам зеҳнӣ мухолифатҳо ва амалҳои ифротӣ зиёд шуда, гурӯҳу созмонҳое ташкил шуданд, ки дар фаъолияти худ аз шеваҳои ифротии мубориза истифода мекарданд ва ниҳоят ин ба афзоиши амалҳои террористӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ оварда расонид. Бояд хуб дарк кунем, ки экстремизм ва терроризм аз ҷумлаи хатарҳои торафт вусъатёбандаи ҷаҳони муосир буда, мубориза бар зидди онҳо ҳамеша дар сархати вазифаҳои муҳимтарини мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ қарор дорад. Вақте, ки “ҷомеа” мегӯем, мо асосан ҷавононро дар назар дорем ва вақте, ки “мушкилоти ҷавонон” гуфтем, қабл аз ҳама мушкилоти тамоми ҷомеаи Тоҷикистон  дар мадди назар аст. Мутаассифона, ҷомеаи Тоҷикистон, бахусус ҷавононро хатари гаравиш ба ҳизбу ҳаракатҳои  терористӣ  таҳдид карда истодааст. Пеш аз ҳама бояд дониста бошем, ки тарғиби экстремизму терроризм аз ҷониби давлатҳои абарқудрат ҳамчун василаи анҷоми нақшаву ниятҳои геосиёсӣ роҳандозӣ гардида, ҳамчун роҳу воситаи расидан ба ҳадафҳо ва ба даст овардани манфиатҳои моддиву маънавӣ истифода мешавад, ки миёни ин кишварҳо бархӯрди манфиатҳоро ва дар ниҳоят бархӯрди тамаддунҳоро ба вуҷуд оварда истодааст. Бояд ҳар як шаҳрванди кишвар дарк намояд, ки экстремизм ва терроризм инсониятро дар тамоми тӯли таърих ҳамроҳӣ намудаанд ва решаҳои хеле чуқур доранд. Дар аҳди қадим, асрҳои миёна ва давраи нав одамони алоҳида ва ҳам гурӯҳҳои муташаккили сиёсию мазҳабие буданд, ки ба воситаи тарсондану даҳшатафканӣ мехостанд мақсадҳои худро амалӣ созанд ва дар ин зимн, мутаассифона, одамони бегуноҳ қурбон мешуданд. Махсусан, ибтидои садаи нав амалҳои ифротгароӣ ва даҳшатафканӣ бештар характери сиёсӣ ба худ касб намуданд ва доираи фаъолияти террористон васеъ гардид. Пешвои миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки: “Имрӯзҳо равандҳои геополитикӣ ҳамоно мураккабу печида боқӣ монда, боиси афзоиши мухолифату низоъҳо, шиддат гирифтани рақобат ва талоши кишварҳо барои тавсеаи нуфуз дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон гардидаанд”. Ҳар кадоми мо масъулем, ки дар ҳамбастагӣ ба ҷавонон роҳи дурусти зиндагиро нишон дода, то саргаҳи шоҳроҳи мунаввари ваҳдат онҳоро ҳамроҳӣ намоем. Ҳар яки моро лозим аст, ки дар роҳи ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва давлатӣ, гирифтани пеши роҳи бегонапарастӣ ва тарғиби фарҳанги бегона, хиёнаткориву бадгуӣ нисбат ба сарзамини пеш аз ҳама худамон намунаи ибрат бошем. Нангу номуси ватандориро ҳифз кунем, мардумро ба меҳнати осоиштаи бунёдкорона ҳидоят намоем. Зоирзода Саидҷон раиси Ҷамоати деҳоти Шугнови ноҳияи Ховалинг  

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *