Ҷомеаи ҷаҳонӣ дар солҳои охир бо хатари ҷиддие рӯ ба рӯ гаштааст, ки номи он «Терроризм» мебошад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳояшон пайваста қайд мекунанд, ки «Террорист ватан, миллат, забон, наҷод ва дин надорад». Яке аз зуҳуроти номатлуб дар замони имрӯза терроризм ва ифротгароӣ ба шумор меравад, зеро зуҳуроти мазкур боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш мебошад. Экстремизм ва терроризм аз мафҳумҳое мебошанд, ки имрӯз дар кишварҳои мухталиф вирди забонҳо шудааст ва ин ду мафҳум ба ҳам пайваст мебошад. Экстремизм (тундравӣ, аз андоза гузаштан) ба терроризм меорад. Истилоҳи «терроризм» аз калимаи лотинии «tеrrоr» маншаъ гирифта, маънояш «тарс ва ваҳм» аст. Террорист он кассоне мебошанд, ки манфиатҳои шахсии хешро аз манфиатҳои давлату ҷомеа боло гузошта, мехоҳанд мақсаду мароми худро бо роҳи зӯроварӣ, куштор, тарсу ваҳм амалӣ созанд. Террор кардани ҷомеаро ба ҳолати тарсу ваҳшат ва ноумедӣ афканданаст. Мубориза бар зидди терроризму экстремизм ва дигар таҳдидҳои замони муосир яке аз самтҳои муҳими фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сиёсати дохиливу хориҷии он мебошад. Бояд гуфт, ки имрӯз барои муборизаи муштарак бар зидди терроризм ва экстремизм санадҳои байналмилалӣ қабул ва мавриди амал қарор доранд. Стратегияи глобалии СММ оид ба мубориза бар зидди терроризм ва Конвенсияҳои зидди террористии он аз ҷумлаи инсанадҳо мебошад. Аз ин ру шукри пойдории Ваҳдати миллӣ ва устувории Истиқлолияти давлати ро намудану бегонапарастӣ накардан яке аз вазифаҳои муҳими ҳар як сокини кишвар дониста мешавад. Терроризм дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон доман паҳн карда, хатари бузурги иҷтимоӣ дорад ва барои амнияти давлатҳои алоҳида ваминтақаҳо воқеан таҳдид эҷод менамояд. Рух додани амалҳои терористӣ боиси афзоиши шумораи фирориёни иҷборӣ, бекорӣ, гуруснагӣ вашиддат гирифтани мушкилиҳои дигари иҷтимоӣ гардидаанд. Терроризм ва ифротгароӣ беш аз ҳар вақта авҷ гирифта, бо оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ ба мушкилии ҷиддитарини инсоният дар асри бисту як табдил ёфтааст. Олимов Олимхуҷа мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи Ховалинг.
Сабтҳои охирин
Дар доираи «16 рӯзи мубориза бар зидди зӯроварии гендерӣ» дар толори МИҲД ноҳияи Ховалинг вохӯрӣ доир гардид.
Posted on Author khovaling
Аз 25 ноябр то 10 декабр бо қарори махсуси СММ дар тамоми давлатҳо маъракаи «16 рӯзи мубориза бар зидди зӯроварии гендерӣ» гузаронида мешавад. Дар доираи маъракаи мазкур рӯзи 14-уми декабри соли 2023 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг бо иштироки муовини раиси ноҳияи Ховалинг Кабирзода Зарҳалбӣ, Сардори Раёсати ҳифзи кудаки Вазоарти […]
ВАРШАВА. ОБСЕ. 19.09.2019 – Выступление представителя Таджикистана Музаффара Ашуриёна
Posted on Author khovaling
Выступление представителя Таджикистана Музаффара Ашуриёна – ВАРШАВА. ОБСЕ. 19.09.2019