АНДЕША: Ховалинг. Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз пош хурдани Иттиҳоди Шӯравӣ соли 1991-ум Истиқлолияти давлатии худро ба даст овард. Тоҷикистон тавонист давлати миллии худро бунёд ва пояҳои онро устувор кунад. Дар он солҳои басо душвор осон набуд, ки боварии халқи азияткашидаи тоҷикро ба даст орад, ба ин мллати азияткашида нафаре лозим буд, ки халқро аз вартаи парокандагӣ, миллатро аз нестшави наҷот дода амалҳои коррупсиноро нест намуда, сулҳу суботро пойдор намояд. 6 ноябри соли 1994 муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи озоду шаффофу демократӣ бо тарафдории аксарияти интихобкунандагони ширкат варзида Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид ва 16 – уми ноябри соли 1994 дар Иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон савганд ёд намуда, ба иҷрои фаъолияти президентӣ, ки Конститутсияи Тоҷикистон муқаррар намудааст, оғоз намуд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аввалин корре, ки анҷом доданд ин беадолатиро нест намуда мардумро сарҷам намуда, ба ҳамаи амлҳои ношоиста монеагӣ анҷом доданд. Бо ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мубориза бо коррупсия ва ин зуҳуроти номатлуб тамоми тадбиру чораҳои зарури андешида шудааст. Аз ҷумла, дар ин самт қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии ба талаботи ҷомеаи ҷаҳони ҷавобгу буда, –Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва ниҳоди умуми миллӣ–Шӯрои миллии муқовимат бо коррупсия таъсис дода шудаанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокчии муҳимтарин конвенсияҳо ва ниҳодҳои байналмилалӣ дар соҳаи мубориза бо коррупсия буда, дар Осиёи Марказӣ ягона кишваре мебошад, ки аз соли 2003 пас аз таъсиси Шабакаи зиддикоррупсионии Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ ва Рушд ҳамкориҳои зиҷ дошта, узви ҳамешагии он мебошад. Дар баробари ин вабои аср, ки метавонад боварии халқро нисбати ҳукумату давлати мо кам намояд моро зарур аст, ки аз ҳар як амали ин вабо пешгири намуда,“Дар бораи Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” иҷро намуда, дар давоми фаъолият ба амалҳои коррупсионӣ роҳ надиҳем. Кабирзода Зарҳалбӣ муовини раиси ноҳияи Ховалинг.
Сабтҳои охирин
ТЕРРОРИЗМ ВА ИФРОТГАРОИ-ХАТАРЕ БА ЧОМЕА
Солҳост, ки ба гӯши мо вожаҳои даҳшатборе чун терроризму ифротгароӣ ворид шуда ва мо имрӯз дарк менамоем, ки паси ин мафҳумҳо чӣ розҳои махуфе ниҳон аст. Ба амали террористӣ қабл аз қабл омода шудан ғайриимкон аст, аз ин рӯ ҳар фарди худогоҳро зарур аст, ки дар ин масъала ҳамеша эҳтиёткор бошад. Терроризм худ аз калимаи […]
Давлат Худоназаров: Вақте ки забонатро мебуранд
Хиёбони шаҳрошӯби «Проспект мира» дар шаҳри Маскав ҷои суҳбат бо Давлат Худоназаров буд.
Осорхона-мамнуъгоҳи ҷумҳуриявии ба номи Восеъ
Осорхона-мамнуъгоҳи ҷумҳуриявии ба номи Восеъ Мавзеи таърихӣ-табии Дараи Мухтор таърихи зиёда аз 400–сола дошта, аз маркази маъмурии ноҳияи Ховалинг дар масофаи 6 км дар қисмати шимолу ғарбӣ ҷойгир шудааст. Дараи Мухтор – зодгоҳи қаҳрамони халқи тоҷик Восеъ. Мавзеи мазкур чун дар гузашта ва имрўз низ зодгоҳи шахсони фозил, паҳлавонон ва далерону ҳунармандон мебошад. Восеии қаҳрамон дар […]