Вокуниш: Вақте, ки оинаи нилгунро тамошо карда, аз шабакаи телевизионии ҷаҳоннамо хабарҳо аз хориҷи кишварро тамошо мекунем ва таркишу куштор, қатлу ғорат, оташзаниву гаравгонгириро дар кишварҳои ҷангзада мебинем, пеши чашмонамон воқеаҳои даҳшатбори солҳои 90-уми асри гузашта меояд. Кишвари биҳиштосои мо низ дар солҳои аввали соҳибистиқол гардиданаш, яъне солҳои навадуми асри гузашта дучори чунин фоҷиаву хунрезиҳо гардида буд. Чунин нобасомониҳоро дар кишвари мо анна ҳамин гурӯҳҳое, ки имрӯзҳо дар кишварҳои хориҷ пайи ноором сохтани ҷомеа, барҳам задани сулҳу осоиштагӣ мебошанд, роҳандозӣ карда буданд. Ҳама ин нобасомониҳо, ки дар кишвари мо харобиҳо овард, падарро бо писар, бародарро бо бародар низоъ андохта, духтарро бадбини модар гардонида буд аз фаъолияти нопоки саркардагони ҲНИТ сарчашма мегиранд. Саркардагону роҳбарони ҲНИТ аз рӯзи аввали фаъолияташон нияти нопок доштанд ва бо ҳадафу мақсадҳои бадғаразонаашон мунтазам пайи ноором сохтани ҷомеа буданд. Ҳамин буд, ки мардуми шарифи тоҷик фирефтаи найрангу дасисаҳои онҳо гардиданд ва дар кишвар ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ сар зад. Алангаи оташи ҷанги шаҳрвандӣ дар он давра он қадар боло гирифт, ки ҳатто падар ба ҷони фарзанд қасд дошт. Гуруснагӣ мардумро таҳдид мекард. Азоби гуруснагӣ, нооромӣ, беҳуқуқӣ, ноадолатӣ ва ғайраҳо дар кишвар ҳукмфармо буд, аммо пеши чашмони саркардагон, роҳбарон ва пайравони ҲНИТ дар он давра он қадар равған гирифта буд, ки ҳама ин нобасомониҳоро гуё намедиданд ва мунтазам фаъолияташон ноором сохтани ҷомеа буд. Сабаб он буд, ки онҳо бояд супориши хоҷагони хориҷиашонро иҷро менамуданд. Барои онҳо аз даст рафтани Ватан, пароканда шудани як миллати соҳибтамаддун ҳеҷ буд. Аз барҳам хурдани миллати тоҷик боке надоштанд. Танҳо манфиати якрӯзаи худро фикр мекарданду халос. Имрӯз низ вазифаи онҳо ҳамон аст. Бо супориши хоҷагон мунтазам пайи фиреб додани ҷавонон ва гумроҳ сохтани онҳо, ноором сохтани ҷомеа, аз байн бурдани сулҳу оромӣ ва осоиштагии мардум ва паст гардонидани сатҳи зиндагии мардум мебошанд. Аз ин амали нанговару шармовар ва хиёнаткоронаи чунин гурӯҳҳо нафрат дорем ва ҳар як амали ифротгарона ва ғаразноки чунин гурӯҳҳои манфиатҷӯ ва хоинро маҳкум менамоем. Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ховалинг пайваста кушиш менамояд, то дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амал намуда, муқобили чунин гурӯҳҳо муборизаи беамон барад ва нагузорад, ки чунин нохалафон сулҳу оромии бо ҳазор ҷонбозиҳо ба даст овардаамонро аз байн баранд. Пайваста аз ҷавонон таъкид бар амал меорем, ки фирефтаи чунин гурӯҳҳои иғвогару ғаразпеша нагардида, атрофи Пешвои муаззами миллатамон сарҷамъ бошанд ва якпорчагии кишвари азизамонро ҳамчун гавҳараки чашм ҳифз намоянд. Ҷаъмахон Файзов, мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг.
Сабтҳои охирин
Экстремизми сиёсӣ
Posted on Author khovaling
Дар олами муосир хатари терроризм ва гурӯҳҳои ифротгароӣ яке аз масъалаҳои мубрами илмҳои сиёсӣ буда, омилҳо, хусусиятҳо, харобаҳои он аз ҷониби илмҳои гуногуни ҷомеашиносӣ мавриди омӯзиш ва тадқиқи илмӣ қарор гирифтааст. Ин раванди номатлуб ҷомеаи башариро нигарон намуда, баҳри пешгирии омилҳои террористӣ тамоми омилҳо, сабабҳо ва дарёфти роҳу усулҳои самарабахши мубориза алайҳи […]
Раҳмон, Оқохони IV ва Нурмуҳаммадов – дар феҳристи бонуфузтарин мусалмонони ҷаҳон
Posted on Author khovaling
Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Пешвои исмоилиёни ҷаҳон Шоҳзода Карим ал-Ҳусайнӣ Оқохони IV ва қаҳрамони муҳорибаҳои омехта Ҳабиб Нурмуҳаммадов ба феҳристи 500 мусулмони бонуфузтарини олам ворид шуданд.
ВАРШАВА. ОБСЕ. 20.09.2019 – Ответ представителя Таджикистана Зарифа Ализода
Posted on Author khovaling
Ответ представителя Таджикистана Зарифа Ализода ВАРШАВА. ОБСЕ. 20.09.2019 –