Суханрониҳои раиси ноҳия

ВОХУРИИ ГУРУҲИ КОРӢ ОИД БА ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Дар нимаи дуюми сафари кории  вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз ҳавзаи интихоботии якмандатаи Муъминобод №38 Абдуллоев Мироҷ Санонович дар Ҷумоати деҳоти Шугнови ноҳияи Ховалинг вохӯрӣ бо интихобкунандагон баргузор гардид.

Дар маҷлис раиси ноҳияи Ховалинг, муҳтарам Мирзозода Музаффар Бурҳон,  Раиси Ҷ/д Шугнов,  роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва дигар фаъолони Ҷ/д  Шугнов ширкат доштанд.

Дар маҷлис вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллоев Мироҷ Санонович бобати шарҳу тавзеҳи муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки саннаи 28 декабри соли 2023 ироа гардид, суханронӣ намуда, оид ба масъалаҳои мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он- хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, бо шарофати  заҳматҳои  мардуми сарбаланди кишварамон  ба як соли бобарор ва комёбиҳоӣ беназир муясар гашт.

Зимни суҳбат  раиси ноҳияи Ховалинг муҳтарам Мирзозода Музаффар Бурҳон иброз доштанд, ки  Паёми навбатии  Пешвои миллат дар даврае пешниҳод гардид, ки  кишвари маҳбуби мо  ба марҳилаи нави рушд ноил гардида, мардуми шарифи Тоҷикистон  ба сӯи ояндаи ободу дурахшон, осудагию навоварӣ бо қадамҳои  устувор пеш меравад. Ҳамчунин қайд намуданд, ки  мо мардуми сарбаланди ноҳияи Ховалинг ҳар як дастуру пениҳодҳои   Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар  Паёми имсола ироа гардид, сармашқи кори худ намоем.

Дар фарҷоми вохӯрӣ ба саволу пешниҳодҳои интихобкунандагон  ҷавобҳои мушаххас гардониданд.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *