Аксҳо Хабарҳо

ЧАШМ АГАР ҲАҚБИН НАБОШАД КУР БУДАН БЕҲТАР АСТ

Шукронаи ободиву озодӣ, амну осоиштагӣ, тенҷиву оромии кишвар, ки имрӯзҳо мардуми сарбаланди тоҷик дар ҳавои сулҳу суббот таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кору фаъолият намуда, зиндагии орому осоишта доранд.

Аммо бадниятону хоинони миллат аз хориҷи кишвар истода бо диду назари танг ба ин кишвар менигаранд. Онҳо мунтазам тариқи шабакаҳои интернетӣ, сомонаву каналҳо баромад намуда, бо ҳарзагӯӣ ва лофи беҳуда пайи паст задани ин миллат ва давлати орому осоишта мебошанд.

Ин хоинону бадбинони миллат, ки баҳри амалӣ сохтанҳои мақсаду ҳадафҳои нопокашон аз дини мубини Ислом истифода менамоянд, намедонанд, ки Пешвои муаззами миллати моро Худои меҳрубон чунин хиради азалиро додаст ва назаркардаи Худо мебошад. Пас онҳоро зарур аст, ки бо Худододагон ситеза накунанд  ва дарк намоянд, ки чунин қудрату тавоноӣ танҳо дар Пешвои муаззами миллати мо дида мешавад.

Онҳо намебинанд, ки имрӯз кишвари мо ба гулистон табдил ёфтааст?  Дар ҳар гӯшаву канор соҳибкорони бонангу ори кишвар аз суханрониҳои Пешвои муаззами миллат руҳу илҳоми тоза гирифта, пайи созандагиву бунёдкорианд.  Пойтахти кишварамон шаҳри Душанбе имрӯзҳо шаҳри  умеду орзуҳо ном гирифта, макони сайру сайёҳати на танҳо мардуми тоҷик, балки аз тамоми сайёҳони дигар кишварҳо гардидааст. Намояндагони дигар қавму миллатҳо ободиву озодии кишвари моро ба чашми ҳасад менигаранд ва орзӯ менамоянд, ки чунин давлати тинҷу ором дошта бошанд.

Сохтмони иншооти аср-Неругоҳи барқи обии Роғун, ки сохтмонаш дар даврони Шӯравӣ ба нақша гирифта шуда буд имрӯз бо хиради азалии Пешвои муаззами миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва заҳмати дастаҷамъонаи мардуми шарифи кишвар сохта шуда, аллакай ду агрегати он мавриди истифода қарор дода шудааст ва кишвари мо аз нури барқи он чароғон аст.

Имрӯзҳо кишвраи моро ҳамчун давлати соҳибистиқлол ва амну осоишта қисмати бештари кишварҳои ҷаҳон мешиносанд ва эътироф менамоянд. Ҳамчунин кишвари мо ба дигар кишварҳои ҷаҳон робитаи дӯстӣ ва ҳамкорӣ дорад. Ҳамаи ин аз хирди азалии Сарвари донишманди давлат мебошад. Аз бунбасти коммуникатсионӣ баромадани кишвар ва кушодани роҳҳои байналмилалӣ ба дигар давлатҳо шароит фароҳам овард, ки сатҳи зиндагии марудм беҳтар гардад. Аммо чаро ин қадар пешравиҳоро хоинони миллат намебинанд? Магар чашмони онҳо ба кадом самт менигаранд?

Оё онҳо намедида бошанд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ суханрони ва баромад намуда, пешниҳодҳоеро роҳандозӣ менамояд, ки ба манфиати на танҳо мардуми тоҷик, балки ба манфиати кули ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошанд ва аз тарафи ҳама кишварҳои ҷаҳон пазируфта мешаванд.

Имрӯз ҳамагон шоҳиди ҳолем, ки дар дурдасттарин деҳаву маҳалла, иншоотҳои хизмативу маишӣ, тандурустиву  таҳсилотӣ сохта ба истифода дода шудаанд ва мардум бемамноият аз шароитҳои мусоид истифода менамоянд. Сатҳи зиндагии мардуми деҳот низ ба мардуми шаҳр баробар шудааст. Дар деҳот низ сехҳои хурди истеҳсолӣ, коргоҳу корхонаҳо мавриди истифода қарор дода шудаанд, ки аҳолиро бо ҷойи кори доимиву мавсимӣ таъмин менамоянд. пас чаро ин қадар ободиву пешравиҳоро хоинони миллат нодида мегиранд? Сабабаш маълум. Чуноне, ки бузургон фармудаанд6:

Неши ақраб на аз раҳи кин аст,

Муқтазои табиаташ ин аст.

Ба ин каждумони таги бурё, ки барои маблағи муфту ҳаром шуда, ватанфурӯӣ мекунанд, ҳатто аз хешу ақрабо, падару модар, бародару хоҳар мегузаранд, гуфтанием, ки чашм агар ҳақбин набошад кур будан беҳтар аст.

 Бобоҷон Зоиров сокини ноҳияи Ховалинг

One Reply to “ЧАШМ АГАР ҲАҚБИН НАБОШАД КУР БУДАН БЕҲТАР АСТ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *