Хабарҳо

ГУРӮҲҲОИ ТЕРРОРИСТӢ АЗ НОМИ ИСЛОМ АМАЛ НАМУДА, НОМИ НЕКИ ОНРО ДОҒДОР МЕСОЗАНД

Имрӯзҳо масъалаи «муносибати ислом ба терроризм» масъалаи актуалӣ буда, ба худ муносибати ҷиддиро талаб мекунад. Оид ба ин масъала ақидаю гуфтугузорҳои зиёде баён гашт. Ташхиси ин ақидаҳо исботи он аст, ки «терроризм» эҷоди шуур буда, берун аз ислом аст.

Шуури ҳақиқии исломӣ мусулмононро аз терроризм ва ифротгароӣ ҳифз менамояд. Мафҳуми «ислом» аз калимаи арабии «салом» реша гирифта маънояш «сулҳ» мебошад. Аввалан, дар ислом ҳаёт ва озодии инсон муқаддасанд. Ҳаёт, ҷону рӯҳ, ҷисми инсон ва дунёро Офаридгор амонат офаридааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ дар Иҷлосияи сеюми фавқулодаи Созмони Конфронси исломӣ, ки дар шаҳри Макка 7-уми декабр соли 2005 баргузор гашт, гуфта буданд: «Террорист дар асли худ миллат, мазҳаб ва Ватан надорад ва душмани Худову бандагони ӯст… Ин гуна неруҳо аз номи ислом амал намуда, номи неки онро доғдор мекунанд ва манфиатҳои душманону бадхоҳони фарҳанги болои исломиро пиёда месозанд».

Пайғамбари ислом Муҳаммад (с.а.в.) аз аввалинҳоест, ки дар асри VII ҳуқуқи гуманитариро асос гузоштааст. Қонуни ислом, куштор дар ҳолати ҷанг зӯроварӣ нисбат ба кӯдакону занон, рӯҳониён, асиронро маҳкум сохта, таҳқир намудани ҷасади ҳалокшудагон, нобудкунии зироату дарахтон, ҳайвоноту манзилро манъ мекунад.

Гурӯҳҳои террористу ифротгар бошанд, аз ҳар роҳу усул истифода намуда, кушиш менамоянд, к ибо найрангу ҳилла ва фиребу дасиса мардумро гумроҳ сохтьа, миёни онҳо муноқишаву хархашаро ба вуқуъ пайванданд ва нооромиро дар ҷомеа ба роҳ монанд.

Имрӯз ки Тоҷикистон соҳибистиқлол шудааст ва дар ҷаҳон мавқеи худро ёфта, ҳамчун як узви ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф шуда, пеш рафта истодааст ва ин барои баъзе қувваҳои дохилию берунӣ писанд нест ва онҳо мехоҳанд, ки ҷомеаи мо ноором бошад, аз ин лиҳоз ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои бегонаро дастгирӣ менамоянд.

Аз ин ҷо, мо бояд ҳушёр бошем, дар атрофи Сарвари давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон муттаҳид гардида, худшиносӣ ва ғурури миллиамонро баланд бардорем, Ватанамонро, ки Тоҷикистон ном дорад, ҳифз намоем ва обод созем. Парчами ваҳдати миллиро ҳамеша боло бардорем.

Фарҳод Давлатов, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг.

  

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *