Маркази пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ВНМО дар ноҳияи Ховалинг, дар асоси дастури Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ВНМО, ки дар барқияномаи расмӣ таҳти №246 аз 9-уми июни соли 2025 зикр шудааст, як қатор чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ ва иттилоотиро дар байни аҳолӣ ба роҳ мондааст.
Чорабиниҳо аз моҳи июн оғоз ёфта, то моҳи сентябри соли 2025 идома хоҳанд ёфт. Ҳадафи асосии ин маъракаи иттилоотӣ, пеш аз ҳама баланд бардоштани сатҳи маърифати тиббии аҳолӣ дар бораи роҳҳои сироят, пешгирӣ ва табобати бемории вируси норасоии масунияти одам (ВНМО) мебошад.
Дар доираи ин иқдом, мутахассисони марказ дар ҳамкорӣ бо фаъолони маҳаллӣ ва бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг дар маҳаллаҳо ва ҷамоатҳои ҳудуди ноҳия суҳбатҳои оммавӣ, вохӯриҳои гурӯҳӣ ва паҳн кардани маводи иттилоотиро ба роҳ монданд.
Таваҷҷуҳи хос ба гурӯҳҳои осебпазир, аз ҷумла шаҳрвандоне, ки тоза аз муҳоҷират баргаштаанд, зоҳир гардид. Бо онҳо суҳбатҳои инфиродӣ гузаронида шуда, оид ба хатарҳои эҳтимолии сирояти ВНМО ва аҳамияти ташхиси ихтиёрӣ маълумоти зарурӣ дода шуд. Мутахассисон таъкид намуданд, ки ташхис комилан ройгон ва махфӣ сурат мегирад.
Бояд қайд намуд, ки дар корҳои огоҳикунонӣ, саҳми Мақомоти иҷроияи маҳаллӣ дар ҷалби мардум, ташкил ва дастгирии чорабиниҳо назаррас аст. Мақомоти ноҳия бо фароҳам овардани шароити мусоид, ташкили ҳамоҳангсозӣ бо ҷамоатҳои деҳот ва таъмин бо ҷойҳои баргузорӣ, ба самаранокии ҳарчи бештари маърака мусоидат намуданд.
Марказ дар нақша дорад, ки чунин чорабиниҳоро минбаъд низ идома дода, дар солимии ҷомеа саҳмгузор бошад, чунки ин талошҳо ҷиҳати ташаккули тарзи ҳаёти солим ва ҷомеаи огоҳ аз хатари ВНМО аҳамияти аввалиндараҷа доранд.