Тоҷикистон дар садри мубориза бо терроризму ифротгароӣ
Ҷумҳурии Тоҷикстон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президнти Ҷумҳуроии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои тақвияти мубориза ба ин зуҳуроти нангин тадбирҳои судманд андешида, барои муқовимат бо терроризм тамоми кишварҳои дунёро ҳамоҳангиву ҳамдаетӣ даъват менамояд.
Аз ҷумла 3-4 –уми майи соли равон дар шаҳри Душанбе бо ташабуси Ҳукумати Чумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо С.М.М, Иттҳоди Аврупо, Созмони Амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ва дигар шарикони рушд Конфронси байналмилалӣ сатҳи баланд дар мавзўи « Муқовимат ьо терроризм ва ифротгароии хушунатомез» баргузор гардид, ки дар кори он зиёда аз 400 нафар намояндагон аз 48 давлати дунё ва 31 созмони байналмилалӣ ва минтақавӣ иштирок намуданд.
Мақсади бевоситаи конфрон таъмини муборизаи муштарак бо терроризму ифротгароӣ ва тундгароиии хушунатомез, амнияти устувор ҷиҳати пешгири аз хатарҳои афзояндаи терроризму ифротгароӣ ва дигар таҳдидҳои замони муосир буд.
Сардори давлат қайд намуд, ки дар шароити муракабу зудтагирёбандаи ҷаҳон мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва дигар намуди ҷиноятҳои муташакили фаромарзӣ бояд тамоми мамлакатҳои дунё , новобаст ба дараҷаҳои рушд ва созмонҳои бонуфузи байналмилаливу минтақавӣ ҳамкор бошад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви фаъоли С.М.М ва дигар созмонҳои бонуфузи байналмилаливу минтақавӣ ҷиҳати муқовимат бо терроризм ва ифротгароӣ ҳануз 16-ноябри соли 1999 ва 8- декабри соли 2003 қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон « Дар бораи мубориза бар зидди терроризм», « дар бораи мубориза бар зидди экстремизм»- ро қабул намуд, ки онҳо асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкили мубориза ба зидди ин зуҳуроти номатлубро муайян мекунад.
Ифротгароӣ, хусусн дар якчанд даҳсолаи асри ХХ ва ибтидои асри ХХ1, хеле вусъат ёфтааст. Дар ин солҳо ҳаракатҳои ифротгарои динӣ ва гурўҳҳои тундрав хеле фаъол гаштанд, ки ҷунбиши « Толибон», « Алқоида», « Ҳизбу – т – таҳрир», « Боко ҳаром» ва «Давлати исломии Ироқ ва Шом » аз зумраи ин созмонҳои мамнуъ эълоншуда мебошад.
Яке аз хусусиятҳои манфӣ ин созмонҳои ифротӣ дар он мебошад,ки онҳо шиорҳои диниро истифода бурда, аз номи дини мубини ислом баромад мекунанд. Истилоҳи « терроризм» аз калимаи лотини «terror » маншаъ гирифта, маънояш « тарс ва ваҳм » аст Терроризм сиёсати тарсонидан, ба даҳшат афкандан, пахш кардани рақибони сиёсӣ бо роҳи зурию даҳшатафкани мебошад. Террористон мехоҳанд мақсади худро бо роҳи зуроварӣ, куштор, тарсу ваҳм амалӣ месозанд. Экстризм мафҳумест, ки дар дунёи имрўза вирди забони ҳам шудааст. ва ба ин мафҳум бо терроризм пайваст мебошад, ки сиёсати тарсу ваҳм даҳшатафканиро дорад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти як қаттор иттиҳодияҳои динӣ ва равияҳои динӣ баҳри таъмини ҳимиояи асосҳои сохтори конститутсионӣ, амнияти давлат ва ҳуқуқу манфиатҳои қонуни шаҳрвандон, пешгири кардани ҳолатҳои барангехтани кинаву адоват, низом миллӣ, нажодӣ,маҳалгароӣ, динӣ ва паст задании шаъну эътибори миллӣ гайриқонунӣ эътироф карда шуда фаъолияташон дар қаламравӣ Ҷумҳури маъан карда шудааст.
Дар Тоҷикистон ҳизбу ҳаракатҳои Ваҳҳобия равияи Салафия, ҳаракти исломи Узбекистон, Ҷамоати Таблиг, Ҳизби таҳрир, Ансуруллҳ, Ҳизбуллоҳ, Ҳаракати исломии Туркистон, Тоҷикистони озод, Давлати исломи Ироқу Шом ва ҳизби Ҷундуллоҳ бинобар сабаби хатарнок ва хилофи мазҳаби ҳангафи буданашон бо қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳизбу ҳаракатҳои Экстресмиву ифротӣ маъан карда шудаанд.
Мо мардуми бофарҳанги Тоҷикистон чун узви ҷомеаи ҷаҳони барои пешгири аз терроризм ва экстремизм суханҳои сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро тадбиқ намуда бояд ҷиду ҷаҳд намоем.
Омўзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №13-и н. Ховалинг. Мусоев Ғолибшо