Хабарҳо

Донишҳои пасти дунявӣ ва динӣ сабаби шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои террористӣ мебошад

Донишҳои пасти дунявӣ ва динӣ сабаби шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои террористӣ мебошад.

Масъалаи мубориза ба терроризм ва ифротгароии хушунатомез ва бо ин роҳ таъмин намудани сулҳу суббот ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Таҷрибаи корӣ нишон медиҳад, ки аз шумораи умумии ҷалбшудагон барои иштирок дар задухурдҳои мусаллаҳона дар давлатҳои Сурия ва Ироқ нафароне зиёданд, ки синну солашон аз 18 то 35 соларо ташкил мекунад.

Тадқиқи парвандаҳои ҷиноятии хусусияти террористӣ ва экстремистидошта аз он шаҳодат медиҳад, ки бештари шомилшудагон ҳангоми муҳоҷирати меҳнатӣ дар хориҷи кишвар ба созмону ташкилотҳои ифротгаро ва террористӣ ҷалб мегарданд. Кам ҳастанд, ки дорои маълумоти олӣ бошанд. Аксарияти ин ҷавонон дорои маълумоти олии нопурра ё миёнаи умумӣ ва миёнаи умумии нопурра доранд.

Надоштани донишҳои амиқи дунявӣ ва динӣ табиати ботинии онҳоро осебпазир карда, ҷисми онҳоро ба гирдоби ҳалокат мекашанд. Чунончӣ, яке аз сабабҳои асосии моилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ ба таври мунтазам ба воситаи шабакаи интернет тарѓибу ташвиқ ёфтани идеологияи экстремистӣ-террористӣ мебошад.

Асосан ҷавонони моилшуда аз телефонҳои мобилии пуриқтидор ва барномаҳои viber (вайбер), WhatsApp (Ватсап), imo (имо), zello (зелло), telegram (телеграм) ва однокласникӣ хеле васеъ истифода мебаранд. Ба воситаи ин гунна телефонҳо алоқаи арзони гуфтугӯи телефонӣ, равон сохтани ахбороти матнӣ, видео ва аудио, сабтҳо имконпазир мебошад. моилкунандагон аз соддагӣ ва камтаҷрибагии ҷавонон истифода бурда, онҳоро ба воситаи шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ ба монанди «Одноклассникӣ», «Mail. ru», «You Тube» ва амсоли онҳо ба таври мунтазам ба гурӯҳҳои ифротӣ ҷалб менамоянд.

Пешгирии моилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ ё чораҳои комплексӣ ва бисёрҷонибаро тақзо мекунад. Пеш аз ҳама ҷалбшавии шахрвандони ҷумҳурӣ ба гурӯҳҳои ифротгаро, сафар намудан ва иштирок онҳо дар муқовиматҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ чунин чорабиниҳо монанд, як қатор корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ, ҳамзамон дар муассисаҳои таълимӣ ташкил ва гузаронида шудаан. Ногуфта намонад, ки ҳар сол аз тарафи мақомоти салоҳиятдори давлатӣ беш аз садҳо чорабиниҳои фарҳангӣ ва таблиѓотӣ дар самти пешгирии омилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ гузаронида мешавад. Дар суди шаҳри Душанбе як чанд ҷавонон бо дастрасии моддаи 179 қисмҳои 1, 2, 3, моддаи 307 қисмҳои 1, 2, 3, 4, ва моддаи 401 Кодекси Ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд.

Назирмадзода Д. Н., корманди Дастгоҳи суди шаҳри Душанбе.

 

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *