Суханрониҳои раиси ноҳия Хабарҳо

Табрикоти раиси ноҳия Акрамзода Парвиз Акрам ба муносибати “Иди Фитр”

Табрикоти раиси ноҳия ба муносибати “Иди Фитр”

Ҳозирини муҳтарам!

Имрӯз мардуми сарбаланди ноҳияи зебоманзари Ховалинг дар баробари дигар сокинони кишвар Иди саиди Фитрро бо як шукӯҳу шаҳомати хосса дар доираи чорабиниҳои омодагӣ ба ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқбол мегиранд.

Мардуми кишвар ба хусус мардуми шарифи ноҳияи Ховалинг аз дастуру супоришҳо, ки аз Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, руҳу илҳоми тоза гирифта, барои дар сатҳи баланди ташкилию сиёсӣ ҷашн гирифтани идҳои давлатию миллӣ бо дастовардҳои арзанда ноил гардиданд, ки Иди шарифи Рамазон яке аз онҳост.

Моҳи шарифи Рамазон бо фазилатҳои ҳамидаи худ, аз қабили расидан ба қадри неъматҳои офаридаи Худованд, тақвияти имону ирода ва сабру таҳаммул, рафтор ва гуфтори накӯ риояи хулқу атвори ҳамида ва баробарии иҷтимоӣ байни мардум дар ниҳоди ҳар як фарди мусулмон ҳисси масъулиятро нисбати имону виҷдон, номусу шараф ва одамият бедор мекунад.

Фазилатҳои неки Иди саиди Фитр, аз қабили рафтан ба айёдати хешу табор ва дӯстону наздикон, расонидани кӯмак ба ятимону оилаҳои камбизоат, дуо намудан ба ҳаққи арвоҳи гузаштагон, бахшидани гуноҳҳо ва пок кардани дилҳо аз кибру ѓурур, аз ҷумлаи амалҳое мебошанд, ки барои ҳар як шахс ҳам фарзу ва ҳам сунат мебошад.

Боиси ифтихору қаноатмандист, ки барои иҷрои оинҳои мазҳабӣ ва эътиқодии мардуми Тоҷикистон шароитҳои мусоид фароҳам оварда шуда аст ва ин арзишҳоро Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни

Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» ба танзим медароранд.

Бояд қайд кард, ки дар арафаи моҳи шарифи Рамазон муборакбод намудани кулли мардуми шарифи ҷумҳурӣ ва ба хайру эҳсон даъват намудани соҳибкорону тоҷирон аз тарафи Сарвари давлат нишони бори дигар арҷгузорӣ ба арзишҳои маънавию мазҳабии мардуми мусалмон аст.

Вобаста ба хайру эҳсон ва адои фитри рӯза дар моҳи шарифи Рамазон, аёдати падару модар, наздикону эҳтиёҷмандон, тозаву озода гардонидани хонаву дар, ҳавлиҳо, кучаву хиёбонҳо, ҷойҳои ҷамъиятӣ ва аз ҳама муҳим қабристонҳо ба хотири эҳтироми гузаштагон, барои ҳар фарди мусалмон шарт ва зарур мебошад.

Дар ноҳия 686 нафар ятимону бепарсаторон мавҷуданд, ки аз онҳо 13 нафарашон ятимони кулл буда, ба кумаки доимӣ эҳтиёҷ доранд.

Ва монанд ба ҳамин маъюбону барҷомондагон, оилаҳои камбизоату шаҳрвандони бесоҳибу бе хонаву дарро Худованд воҷиб гардонидааст, ки кумак намоем.

Бо шарофати тинҷиву оромии кишвар ва пойдор гардидани фазои ороми динӣ аз 54 масҷиди панҷвақта ва

3-масҷиди ҷомеъи дар ноҳия фаъолиятдошта дар 23 масҷидҳо намози иди саиди Фитр баргузор мегардад.

-Бо шукргузорӣ аз сиёсати хирадмандонаи Роҳбарияти олии кишвар ҳар як шаҳрванди ноҳия вазифадор аст, ки дар доираи чорабиниҳои омодагӣ ба ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар корҳои ободониву бунёдкорӣ саҳми худро гузоранд.

Бо ҳамин ниятҳои нек ҳамаи Шумо ва дар симои Шумо аҳли оила ва тамоми мардуми ноҳияро ба муносибати Иди саиди Фитр табрик намуда, ба ҳамаатон саломатӣ, хонаи обод ва дастархони пур аз нозу неъматҳои идонаро таманно дорам.

Иди саиди Фитр муборак, ҳамдиёрони азиз!

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *