Маълумотҳои оморӣ Муовинони раиси ноҳия Нишондодҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Хабарҳо

Ҷамъбасти натиҷаи нишондиҳандаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодии ноҳия дар нимсолаи аввал ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюми соли 2019

Ҷ а м ъ б а с т и

натиҷаи нишондиҳандаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодии

ноҳия дар нимсолаи аввал ва вазифаҳо барои

нимсолаи дуюми соли 2019

Санаи 11-уми июли соли равон дар толори қасри фарҳанги ноҳия натиҷаҳои иҷтимоию иқтисодии ноҳия дар нимсолаи аввали соли 2019 ҷамъбаст гардид. Дар ин маҷлиси васеъ мудиро-ни шуъбаю бахшҳои дастгоҳи раиси ноҳия, намояндагони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарону кормандони ташкилоту муассисаҳо, коллективи кормандони ҷамоатҳои деҳот, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ва хоҷагиҳо, имомхатибони масчидҳои ҷомеъ ва панҷвақта, раисони маҳаллаҳо ва дигар фаъолони ноҳия ширкат доштанд. Ҳамчунин, дар маҷлис намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, сардори Раёсати кишоварзӣ дар минтақаи Кулоб Абдулмумин Ҳасанов ширкат доштанд.

Маҷлисро роҳбари Дастгоҳи раиси ноҳия Искандар Бобоназаров кушода, меҳмонро аз номи кулли мардуми сарбаланди ноҳияи Ховалинг хуш омадед гуфт ва сухани маърузавиро ба муовини аввали раиси ноҳия Қодирзода Маҳсиддин Устоғулом дод.

Муовини раис зимни маърузаи худ иброз дошт, ки раёсату кумитаҳо, шуъбаю бахшҳо, Ҷамоатҳои деҳот ва ташкилоту муассисаҳои ноҳия ҷиҳати амалӣ намудани дастуру супоришҳо, ки аз Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, ва дар заминаи фармонҳо, дастуру супоришҳои Сарвари давлат аз Маҷлисҳои ҷамъбасти рушди иҷтимоию иқтисодии мамлака, қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарору амрҳои раиси вилояти Хатлон дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ корҳои муайянро ба иҷро расониданд.

Мувофиқи маълумотҳо раёсати молия ва нозироти андоз нақшаи даромадҳои буҷети ноҳияро бо дарназардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ ба андозаи 104,1% яъне дар ҳолати нақша 12060,2 ҳазор сомонӣ будан, дар асл 12557,7 ҳазор сомонӣ таъмин намуданд.

Аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ва вилоят ба буҷети ноҳия 5506,8 ҳазор сомонӣ маблағҳои мақсаднок (субвенсия) ворид гардидааст.

Қисми хароҷоти буҷети ноҳия 97 фоизро ташкил медиҳад. Нақшаи хароҷот 16355,8 ҳазор сомонӣ муқаррар шуда, аз ҳисоби буҷет 15944,1 ҳазор сомонӣ маблағгузорӣ карда шудааст. Аз ҷумла, сектори ҳокимият ва идоракунии давлатӣ 97,0%,маориф98,0%, нигоҳдории тандурустӣ 96,0%, суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ 100,0%, хоҷагии манзилию коммуналӣ 100,0%, фарҳанг ва варзиш97,0% ва хоҷагии қишлоқ 86 фоиз маблағгузорӣ карда шуданд.

Ба ҳолати якуми июли соли 2019 қарзи корхонаю ташкилотҳо аз ҳисоби андозҳо (бо дар-назардошти бақияпулиҳои андози иҷтимоӣ) 4896,1 ҳазор сомониро ташкил дод, ки ин нисбат ба авали сол ба маблағи 652,0 ҳазор сомонӣ кам гардидааст.

Бо вуҷуди ин дар таъмини иҷрои нақшаву уҳдадориҳои пешбинигардида роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ), қисман ташкилоту муассисаҳои давлатӣ ба беаҳамиятӣ роҳ дода, ба рафти иҷрои корҳо дар ин самт мушкилиҳо эҷод намуданд.

Махсусан як қисми муайяни хоҷагиҳои деҳқонӣ, ронандагони нақлиётҳои мусофиркашонӣ, қисман шаҳрвандоне, ки тибқи шаҳодатнома ё патент ба фаъолияти соҳибкорӣ машғуланд, аз бақайдгирӣ ва пардохти андоз дурр мондаанд.

Ҷиҳати андешидани чораҳои зарурӣ дар давраи семоҳаи дуюми соли ҷорӣ фаъолияти 88 нафар тариқи шаҳодатнома ба қайд гирифта шуда, аз ин ҳисоб зиёда аз 800 ҳазор сомонӣ маблағҳо ба буҷет ворид карда шуд. Дар ин самт ҳоло ҳам камбудиҳо ва манбаҳои андозсу-пории аз қайд нагузашта зиёд мебошанд.

Дар давраи моҳҳои январ-июни соли 2019 аз тарафи бонкҳо ва ташкилотҳои қарзӣ ба маблағи 4264,3 ҳазор сомонӣ қарзҳои хурд дода шудаанд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2156,3 ҳазор сомонӣ зиёд гардидааст. Дар баробари ин аз муроҷиати шаҳрвандон бармеояд, ки дархосту пешниҳоди шаҳрвандон, ки мехоҳанд ба соҳибкории хурду миёна тариқи гирифтани қарзҳои зарурӣ машғул шаванд, дар вақташ ба инобат гирифта нашудааст.

Дар ноҳия 8 лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ амалӣ шуда истодааст ва маблағи азхудкардашуда22600,0 ҳазор доллари америкоиро ташкил медиҳад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки фаъолияти ташкилоту муассисаҳои байналмилалӣ ва ватанӣ, ки дар доираи амалигардонии ин лоиҳаҳо дар ноҳия фаъолият менамоянд, аз назорат дурр мондааст. Оид ба кору фаъолияти онҳо маълумотҳои дақиқ вуҷуд надорад.

Муовини раиси ноҳия Қодирзода Маҳсиддин иброз дошт, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотҳои саноатӣ ба 99524,8 ҳазор сомонӣ расонида шуда, нисбати ҳамин давраи соли гузашта 8925,3 ҳазор сомонӣ кам ё худ 90,2%-ро ташкил медиҳад. Ҳаҷми истеҳсоли орд ба 101,3%, нон ба 96,4%, равғани растанӣ 79,6% гушт 96,2% расонида шудааст.

Бо вуҷуди ин ҷиҳати татбиқи амалии дастуру супоришҳо аз Паёми Сарвари давлат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне дар заминаи амалигардонии Стратегияи 4-уми рушд, “Саноатикунонии босуръати кишвар” корҳо ҳоло ҳам суст ҷараён доранд.

Дар баробари оғоз гардидан ва сохтмони се коргоҳҳои саноатӣ-коргоҳи истеҳсоли “Оби тоза”, коркарди меваю сабзавот ва маҳсулотҳои ширӣ, аз 12 корхонаҳои саноатӣ 5 корхона фаъолият менамояду халос.аз ин ҳисоб 100-ҳо нафар бе ҷойи ко рва бе маош монда, ба қисми даромади буҷети ноҳия таъсири ҷиддӣ расида истодааст.

Дар соли 2019 ба ноҳия 17699,4 ҳазор кВт соат қувваи барқ интиқол гардида, талафоти нерӯи барқ 14,5%-ро ташкил дод. Ба аҳолӣ ва ташкилоту муассисаҳо 30747,0 ҳазор кВт соат барқи фоиданок ба маблағи 4658,4 ҳазор сомонӣ дода шуд. Ҷамъоварии маблағи истифодаи барқ ба 8422,0 ҳазор сомонӣ расидааст.

Ҳамзамон бо ҷудо намудан ва додани корҳои соҳа оид ба таъмини деҳаҳои навбунёдёфта дар ҳудуди шаҳраку деҳоти ноҳия бо қувваи барқ, бинобар сабаби нарасидани маводҳои зарурӣ, аз қабили симчуб, ноқил ва трансформаторҳои барқӣ беҳбудиро талаб менамояд.

Соли 2019 ҳаҷми маблағгузории асосӣ 24317,1 ҳазор сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5,4 баробар зиёд мебошад. Корҳои сохтмону васлгарӣ ба маблағи 23922,2 ҳазор сомонӣ иҷро шуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5,6 ба-робар афзоиш ёфтааст.

Ба маблағи 1830,0 ҳазор сомонӣ фондҳои асосӣ ба истифода дода шудаанд.

Дар масоҳати 2100 метри мураббаъ манзилҳои шахсии истиқоматӣ мавриди истифодабарӣ қарор дода шудааст.

Дар ин давра барои таъмири роҳҳои маҳаллӣ 127 ҳазор сомонӣ ва барои таъмири ҷории роҳҳои аҳамияти ҷумҳуриявидошта156,2 ҳазор сомонӣ ҷудо ва харҷ карда шудааст.

Ҳаҷми боркашонӣ 154,9 ҳазор тонна ва мусофиркашонӣ 230,4 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотҳои кишоварзӣ 16577,3 ҳазор сомонӣ ва дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 636,6 ҳазор сомонӣ зиёд таъмин гардидааст.

Кишти зироатҳои тирамоҳӣ ва баҳорӣ 6161 гектарро ташкил намуда, омодагиҳо ба дарави ғалладонагиҳо дар сатҳи зарурӣ қарор дорад. Алҳол зиёда аз 9 ҳазор тонна хӯроки дурушти чорво ҷамъоварӣ ва захира гардида, дар ин самт корҳо идома доранд.

Саршумори чорвои калон ба 23 ҳазору 390 сар, моли майда ба 34 ҳазору 298 сар, саршу-мори парранда ба 31 ҳазору 119 сар, асп ба 2 ҳазору 110 сар расонида шуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузаштамутаносибан саршумори чорвои калон 217 сар, моли майда398 сар, пар-ранда 510 сар ва аспҳо 19 сар зиёд гардидаанд.

Дар мавсими корҳои ободонӣ ва кабудизоркунӣ зиёда аз 29 ҳазор бех дарахтони мевадиҳанда, сояафкану ороишӣ ва 130 ҳазор бех гулу буттаҳои ороишӣ шинонида шуда, мавриди парвариш қарор доранд.

Дар нимсолаи якуми соли 2019 дар ҳамаи сохторҳои хоҷагидории ноҳия дар майдони 137 гектар боғҳои нав бунёд гардида, 12 гектар боғҳои куҳна аз нав барқарор карда шудаанд.

Дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ 6 ярмаркаҳои ҷойи корӣ бо кпешниҳоди 50 ҷойи кори холӣ гузаронида шудааст. Барои пайдо кардани ҷойи кори доимӣ муроҷиати 543 нафар ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин 284 нафарашон занҳо мебошанд. Аз теъдоди умуми муроҷиаткардагон 87 нафар ба ҷойи кор таъмин шудаанд. Музди миёнаи меҳнати моҳонааи кормандони ноҳия 1277,12 сомониро ташкил намуда, нисбат ба соли гузашта 67,51 сомонӣ зиёд ва суръати афзоиш 3,7%-ро ташкил медиҳад.

Шумораи муҳоҷирон дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ 626 нафарро ташкил намуд ва аз он 18 нафар занҳо мебошанд. Дар ин давра аз хориҷи кишвар тариқи бонкҳо 6102,8 ҳазор сомонӣ ворид гардидааст.

Шумораи нафақахӯрон дар ноҳия 4143 нафарро ташкил намуда, ба ҳисоби миёна ба 1 нафақахӯр дар як моҳ 321 сомонӣ рост меояд. Шумораи ятимону бепарасторон 17 нафарро ташкил дода, дар нимсолаи якуми соли 2019 аз ҳисоби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давла-тии ноҳия ва шахсони саховатпеша ба онҳо ба маблағи умумии 84,0 ҳазор сомонӣ кумакҳои яквақтаи молиявӣ ва моддӣ расонида шудааст.

Дар ин давра ба кору фаъолияти муассисаҳои таълимии ноҳия аҳамияти зарурӣ дода шуд. Аз 893 хатмкунандагони муассисаҳои таълимии ноҳия 754 нафар ба маркази тестӣ ҳуҷҷатҳои худро супоридаанд. Иҷрои барномаи компютеркунонӣ ба 112% расонида шудааст.

Ҷиҳати андешидани чорабиниҳои зарурӣ кор дар соҳаи хизматрасонии тандурустӣ беҳтар гардид. Дар ин давра шумораи умумии фавтидагон 49 нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин шумора 1 нафар кӯдаки то сини 5 сола буда, дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта кам мебошад.

Дар ин давра муассисаҳои фарҳангии ноҳия 29 чорабиниҳои оммавии фарҳангӣ ва сиёсгу-заронидаанд, ки дар онҳо 31568 нафар иштирок намудаанд.

Теъдоди умумии майдончаҳои варзишӣ ба 52 адад, толорҳои варзишӣ ба 9 адад расонида бо асбобу анҷомҳои варзишӣ ҷиҳозонида шудаанд.

Дар ноҳия 2 ширкати туристӣ ва 2 меҳмонхонаи хурд фаъолият доранд. Теъдоди сайёҳон дар нимсола 15 ҳазор нафар, аз ҷумла сайёҳони хориҷии ба ноҳия воридшуда 500 нафарро ташкил медиҳад.

Тибқи риояи талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” 3 қонуншиканӣ ба қайд гирифта шудааст. Фаъолияти 3 масҷидҳои ҷомеъ ва 54 масҷидҳои панҷвақта дар доираи талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои диннӣ” ба роҳ монда шуда, дар назорати сохтору мақомоти марбута қарор доранд.

Дар ин давра 42 ҷиноят ба қайд гирифта шуда, 40 ҷиноятҳо кушода шудаанд, ки 92%-ро ташкил медиҳад. Аз ҷиноятҳои ба қайдгирифташуда 1 адад ба ноболиғон ва 8 адад ба ҷавонон рост меояд.

Дар заминаи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 2018, таҳти №АП1059 “Оид ба омодагии ҳамаҷониба ба ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” корҳо дар сатҳи зарурӣ идома доранд.

Дар доираи нақшаи чорабиниҳо 61 бинову иншоотҳо бо маблағи 53,3миллион сомонӣ ба иҷро расида, дар 60 бинову иншоотҳо ба маблағи 34,5 миллион сомонӣ корҳои сохтмонӣ идома доранд ва аз ин 29 адад дар давоми соли 2019 ба истифода хоҳад дода шуд,-гуфт Қодирзода Маҳсиддин.

Сипас, оиди камбудиҳои ҷойдошта дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ноҳия суҳбат баргузор гардид ва оиди бартараф сохтани камбудиҳо супоришҳои қатъӣ дода шуд.

Аз ҷумла, ба нозироти андоз, сардори райёсати молия, бахши иқтисод ва савдо ва дигар масъулин перомуни ҷамъовари маблағҳои бақияпулиҳои андоз, сабабҳои истифода нашуда-ни дастгоҳҳои хазинавӣ дар ҳама нуқтаҳои савдо, ба хусус марказҳои фурӯши сузишворӣ ҳарф зад.

Дар охир намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, сардори Раёсати кишоварзии минтақаи Кулоб Абдулмумин Ҳасанов суханронӣ намуда, фикру андешаҳои худро оиди натиҷаи ҷамъбасти нишондиҳандаҳои иқтисодию иҷтимоии ноҳия дар нимсолаи аввали соли 2019 ва иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри омодагии ҳамаҷониба ба пешвози ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён намуд.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *