Хабарҳо

МО ҶАВОНОН ТЕРРОРИЗМРО МАҲКУМ МЕНАМОЕМ

Таҳия ва қабули Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2021-2025, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-июни соли 2021 №187 ба тасвиб расид, муборизаи дастаҷаъмонаи ҷомеаи шаҳрвандиро бар зидди ин падидаи хатарзо тақозо менамояд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста аз тамоми минбароҳи Созмоноҳи бонуфӯзи ҷаҳонӣ аз Маҷмаи Созмони Милали Муттаҳид   баромад намуда, бар  алайҳи ин вабои аср мубориза бар зидди гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ  сухан гуфта, қайд мекунанд, ки мубориза бар зидди гурӯҳҳои  ифротгаро вазифаи ҳар як давлат ва миллат мебошад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон  пайваста талоши худро бар зидди экстремизм ва терроризм хатарҳои замони имрӯза ҳамчун шарики доимамалкунандаи тамоми давлатҳои дунё дониста, ҳадафҳои худро пайваста  амалӣ намуда, дар ин самт омодагиҳои  худро бо андешидани ақидаҳои нав ба нав идома дода истодааст.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дин аз  сиёсат  ҷудо буда,  намегузорад, ки гурӯҳҳои ифротгаро аз заифии  ҷавонони сустирода истифода намуда, онҳоро ба воситаи динашон ҷалб намоянд.

 Хиёнат ба ватан амали басо нагин буда,  обурӯ эътиобри шахсро коста мегардонад, “Дар тули  таърих ягон халқу миллат хиёнат ба Ватан-модар, давлат ва мардумро набахшидааст ва намебахшад”.

Пас аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи  “Масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд ”  ва бо ташаббусҳои  маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста баргузор намудани озмунҳои Ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ кистоб аст”, “ Тоҷикистон -Ватани азизи ман”, “Тоҷикон дар оинаи таърих”, Илм- фурғи маърифат” гувоҳи он аст, ки имрӯзҳо ҷавонони мо ру ба китоб оварда  ҳисси дӯст доштани Ватан, эҳтиром ба арзишҳои миллию давлатӣ, ҳимояи марзу буми ватани азизамонро  дар саргаҳи андешаҳои тафаккури миллии худ қарор дода, саҳми разишманди хешро барои баланд бардоштани парчами давлатти Ҷумҳрии Тоҷикистон гузошта истодаанд.

Қайд кардан ба марид аст, ки нақши  зан ва модари босавод дар тарбияи насли худогоҳу хештаншинос намудани ҷавонон басо бараъло ба чам мерасад.

  Аз ин рӯ, барои пешгирии ҷавонон аз ҳама хафу хатар бояд мо дастаҷаъмона омӯзгорон, сиёсатмадорон, зиёиён, падару модарон, дигар табақаи аҳолӣ   вазифа дорем, ки худамон пеш аз ҳама намунаи ибрат бошем, насли ҷавонро дар рӯҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ созандагю бунёдкорӣ,  тарбия карда, ба ободу пешрафта гардонидани сарзамини биҳиштосои Тоҷикистон  ҳидоят кунем, пеши роҳӣ бегонапарастӣ ва хиёнатро ба манфиатҳои миллат ва давлат бигирем ва бо дасту дили пок дар сафи пеши амалӣ намудани сиёсати устувори давлат қарор бигирем. Итминони комил дорем, ки ҷавонони соҳибиродаву ҳушманди мо ҳушёрию зиракии сиёсиро аз даст надода, бо пайравӣ аз Пешвои муаззами миллати худ ҳимояи манфиатҳои давлатдориро дар солҳои ояндаи кишварамон низ ҳифз хоҳанд кард.

Муборакшоев Шарифҷон.

мудири бахши умумӣ, назорат ва муроҷиати шаҳрвандони МИҲД ноҳияи Ховалинг.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *