Хабарҳо

Ҷиддӣ нагирифтани коронавирус боиси марг шуданаш мумкин аст.

Ҷиддӣ нагирифтани коронавирус боиси марг шуданаш мумкин аст.
Баъди ба таври васеъ ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати пешгирии бемории сироятии коронавирус аз тарафи кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия, дигар таблиғотчиён, аз тариқи радио ва телевизион мебояд, ки ҳамагон он талаботҳоеро, ки табибон барои сироят наёфтан аз ин беморӣ тавсия медиҳанд бе чуну чаро иҷро намоянд. Вале боз ба одамоне дучор мешавӣ, ки гӯё онҳо аз чизе хабар надоранд ва хатаре ба онҳо таҳдид намекарда бошад.
Вақти ба кор рафтан дар роҳ ба як нафар сокини деҳаи Шехмизон вохӯрдам, ки бе ниқоби муҳофизатӣ дар кӯча гашту гузор менамуд. Ба ӯ таъкидан гуфтам, ки ин рафтори бепарвоёнааш бар зарари ӯ ва аҳли оилаи ӯст.
“Аз аҷал гурехта намешавад”, – гуфт ӯ. Дар ҷавобаш муносибан гуфтам: “мурдани кампир ба хайру аҷал омӯхта нашавад”, – гуфтаанд.
Шояд мардум баъди дидани талафотҳои ҷонии коронавирус ба худ омада, ин бемориро ҷиддӣ бигиранд ва талаботҳои гигиенаи шахсиро қатъӣ риоя намоянд, баъди гирифтор шудан ба ин беморӣ сари вақт ба духтур муроҷиат кунанд.
Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ин рӯзҳои барои мардуми ноҳия душвор масъулияти ба душдоштаи худро боз ҳам бештар ҳис намуда, бо роҳи хона ба хона ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ, паҳн намудани варақаҳои иттилоотӣ, дастраси мардум гардондани маводҳои антисептикӣ, ниқобҳои муҳофизатӣ ва дигар кӯмакҳои хайриявӣ ба онҳо дар пешгирӣ аз паҳншавии ин бемории хавфнок ёрӣ мерасонанд.
Саидҷалол Сатторов, корманди кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг.