Ҳар як шахси солимфикр ба хусус ҷавонписарон аз замони қадим хизмати ҳарбиро қарзи шаҳрвандии хеш дониста, аз давраҳои пеш баҳри дифоъи Ватан ҷонро фидо мекарданд. Ин нангу номуси Ватандустиву ватанпарастии халқи тоҷик аз даврони пеш сар карда то ба имрӯз идома ёфта истодааст, ки мисоли он ба сафи хизмати ҳарбӣ даъват шудани наваскарон мебошад. Имрӯзҳо мушоҳида мегардад, ки ҷавонписарони ба нангу номус на ба роҳи зӯриву зорӣ балки худихтиёрона бо сари баланд ва ҳуввияти милливу хештаншиносӣ барои хизмати ватан ҳозир мешаванд, чунки дарк менамоянд, ки дар хизмат онҳо аввалан дарси мардонагиву садоқат ба Ватани азизи зуд, дарси ҳурмату эҳтироми валидон, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, ҷасорату муқобилят нишон додан бар зиддӣ душманони Ватнро меомӯзанд. Боиси хурсандиву хушнудии тамоми мардуми тоҷик аст, ки имрӯзҳо даъват ба хизмати ҳарбиро сад фоиз иҷро намудаанд. Аз даврони пеш нафаре, ки хизмати ҳарбиро ба ҷо меовард, соҳиби ҳурмату эҳтироми ҳамагон буда ба ӯ ҳаматарафа эътимоду боварӣ буд, то ҳатто агар хостгорӣ мерафтанд нахустсаволи хонадони арӯс ин чунин буд. Оё он нафар хизмати ҳарбиро иҷро намудааст ё не?. Чун дар оила фарзандро бо ахлқи ҳамида хонишу соҳиби маърифат будан тарбия мекунанд, пас дарси мардонагиву ҷасорат, шуҷоат ва ҳифзи ватан нигоҳ доштани сирри давлат аз даст надодани зиракии сиёсӣ, шомил нашудан ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоиро хизмати ҳарбӣ меомӯзад. Пас хизмат ба ватан ва ҳифзи марзу буми он қарзи шаҳрҳандии ҳар як шахс буда хизмат ба ватан ин хизмат ба модар аст. Аз ин хотир мо ҷавонони далеру ҷасур бовраии комил доранд, ки онҳо сарбаландона баҳри ҳифзи ватани худ камари ҳиммат бананд.
Сабтҳои охирин
Бахшида ба рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Posted on Author khovaling
Ҳамасола рӯзи 16-уми ноябр мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Баробари истиқлолият Худованд ба халқи мо роҳбареро насиб гардонид, ки бо кирдору амалҳои некаш тавонист мардуми парешонро муттаҳид, дар кишвар сулҳу ваҳдатро пойдор ва ба ҷанги бемантиқ хотима дод. Дар натиҷаи заҳмату талошҳои Сарвари давлат […]
Суханронии Махкамова Дилором. Варшава. САҲА. 17.09.2019с.
Posted on Author khovaling
Махкамова Дилором. Варшава. САҲА. 17.09.2019с.
БА ЁДИ ОЛИМ ВА ИНСОНИ БУЗУРГ – МУҲАММАД ОСИМӢ
Posted on Author khovaling
БА ЁДИ ОЛИМ ВА ИНСОНИ БУЗУРГ – МУҲАММАД ОСИМӢ Олимон чун равшангари ҷомеа ҳамеша дар пешрафти соҳаҳои гуногуни ҳаёт, аз ҷумла иқтисод, сиёсат ва фарҳанги давлату миллат саҳми арзанда мегузоранд