Хабарҳо

Наврӯз дар деҳаи Дараи-Мухтор

Наврӯз дар деҳаи Дараи-Мухтор

Бо омад-омади фасли шукуфтанҳо, айёми зебоиву рангинқабо гаштани замин ва Наврӯзи хуҷаста қалби мардуми табиатдӯсту меҳнатпараст ба ҷуш омада, барои пешвозгирии ин фасли дилрабо омодагии ҳамаҷониба диданд. Санаи 24-уми марти соли равон дар майдони варзишии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15-и деҳаи Дараи-Мухтори Ҷамоати деҳоти Ҷомбахт чорабинии идона бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ баргузор гардид. Сараввал, ҳайати комиссия – меҳмонон, ки дар ин ҳайат  роҳбари Дастгоҳи раиси ноҳия Искандар Бобоназаров, муовини соҳавии раис Аҳрорзода Гулбарг, раиси Ҷамоати деҳоти Ҷомбахт Миралӣ Назаров  ва дигарон шомил буданд, аз намоишгоҳи Наврӯзӣ, ки аз тарафи сокинони маҳаллаҳо ва ташкилоту муассисаҳои ҳудуди ҷамоат омода шуда буд, дидан карданд.

Дар намоишгоҳ ба ғайр аз оростани дастархони Наврӯзӣ ҳунару истеъдоди дастии ҳунармандон аз маҳаллаҳои Таги-ҷар, Шехмезон, Ҷомбахт, Дараи-мухтор, Боғча ва Дараи-аспон пешкаши бинандагон гардид.

Раиси Ҷамоати деҳоти Ҷомбахт Миралӣ Назаров зимни суханрониша ҳама мардуми сарбаланди ҷамоати деҳотро ба Наврӯзит оламафрӯз муборакбод гуфта, онро ҳамчун рӯзи нек, соли наву рӯзи нав ва оғози соли ободонию созандагӣ арзёбӣ намуд.

Хонандагони синфи 11-и ин боргоҳи маърифат аз истиқболу гузаронидани ҷашни миллӣ шоду сарфароз гашта, аз рӯӣ оинҳои Наврӯзи, аз қабили пешвозгирии арӯси сол-баҳори некқудум, бадеҳахонӣ, суманакпазию шеърхонӣ дар васфи баҳору наврӯз ва суманак, рақси якаву умумӣ маҳфил баргузор намуданд, ки хеле зебову диданӣ буд. Дар давоми чорабинӣ хонандагон ва омӯзгорон барои саҳм гузоштан дар омода намудани барномаи наврӯзӣ бо ифтихорномаи роҳбари муассиса сарфароз гардонида шуданд.

Саидаи Ҳоким яке аз хонандаи фаъоли ҳамин муассиса аст, ки дар даври вилоятии озмуни фаннӣ аз фанни химия ҷойи дуюмро ишғол намуда, соҳиби медали нуқра гашт ва дар чорабинии таҷлии ҷашни Наврӯз ба ифтихорнома ва тӯҳфаи идонаи роҳбарияти мактаб қадрдонӣ карда шуд. Ҷашни фархундаи Наврӯз бо барномаи консертии ташкил намудаи хонандагон ва шӯъбаи фарҳанги ноҳия бо хушию шукуҳмандӣ ба итмом расид.

Чорабинии идона бахшида ба ин санаи фархунда дар як сатҳи баланд гузаронида шуд, ки ҷамъомадагон барои баргузории чунин ҷашни бошукуҳу оинҳои мардумӣ ба роҳбарияти ноҳия, масъулини ҷамоати деҳот изҳори миннатдорӣ намуданд

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *