Хабарҳо

Соҳилбандӣ яке аз омилҳои пешгирии офатҳои табии аст

Соҳилбандӣ яке аз омилҳои

пешгирии офатҳои табиӣ аст

Табиат ҳамеша зебоии худро дорост, вале бо вуҷуди ҳама зебогиҳояш ба худ хусусиятҳои хосеро дорост, ки ҳамзамон ба ҷони махлуқоти дигари худ таъсири манфӣ мерасонад, ки боиси таассуф мегардад.

Яке аз он хусусиятҳои, аслан дар мавсими тирамоҳу баҳор ҳангоми боришоти зиёд омадани сел аст, ки он ҳангоми тамоми мардум чӣ шаҳр бошад ва чӣ русто ҳамаро дар изтироб меорад. Ба хусус маҳаллаҳои аҳолинишине, ки канори руду дарёҳо сукунат доранд ҳамеша аз хавфи омадани селу хисороти он таалука доранд. Дар ноҳияи мо низ дарёчаҳои мавсимӣ зиёданд ва ҳатто қисмати зиёди сокинони диёр тули умри хубу рангини худ борҳо мавриди чунин ҳодисаҳои фавқулода ва ё ба истило табиӣ рӯ ба рӯ гардидаанд.

Ҳукумати мамлакат дар ҳама маврид, ҷиҳати пешгирии ин ҳодисаи табиӣ, ки танҳо бо усули соҳилбандӣ метавон аз ин вабои табиат заррае ҳам бошад тадбирҳои мушаххас меандешад. Мусаллам аст, ки дарёчаи аз маркази ноҳия гузардоштаи диёри мо, ки бо номи Оби мазор маъмул аст, ҳарчанд дар мавсими гармо роҳати ҷон аст, чуноне дар боло зикр намудем фасли боришот бениҳоят хатарнок аст.

Аз ҳамин ҷиҳат корхонаи замин ва обёри ноҳия тариқи ҳашар бо зури мардуми деҳаи Хонақо (Сангрезгӣ) Ҷамоати деҳоти Лоҳутӣ бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар дарозии 55-метр ва паҳноии 6-метр соҳили дарёи мазкурро, ки гузаргоҳи сокинони рустои Хонақоҳи (Сангрезгӣ ё Боймушт) Ҷамоати деҳоти Лоҳутӣ аст, ҳафтаи сипаригардида соҳилбандӣ намуданд.

Аз рафти корҳои соҳилбандӣ, ки ҷиҳати эмин доштани роҳи байни деҳаҳои Лоҳутӣ ва Хонақоҳро дар бар мегирад, дар масоҳати 1500м симтурбандӣ карда шуд.

Аз рафти иҷрои ин амале, ки дар боло зикр намудем, Фирдавс Мирзоев сардори коргоҳи идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳия зимни суҳбат ба мо хабар доданд.

Нозим Раҳимзода.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *