Хабарҳо

Натиҷаи фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг дар соли 2019

Натиҷаи фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг дар соли 2019

11-уми феврали соли ҷорӣ тибқи Нақшаи ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ дар вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мактабҳои олӣ, ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ оид ба ҷамъбасти соли 2019 мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри 2011, №АП-1729 дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг бо иштироки зиёда аз 20 нафар хабарнигор аз васоити ахбори омма оид ба «Натиҷаи фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг дар соли 2019» нишасти матбуотӣ баргузор гардид.

Дар нишаст раиси ноҳия Акрамзода Парвиз Акрам, муовинони раиси ноҳия, мудирони шуъбаю бахшҳо, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, намояндагони расонаҳои иттилоотии давлатию мустақил, аз қабили шабакаҳои телевизионии «Телевизиони Тоҷикистон», «Сафина», «Синамо», «Варзиш», радиои «Хатлон»,  рӯзномаҳои «Ҷумҳурият», «Садои мардум», «Минбари халқ»,  «Тоҷикистон», «Нақлиёт», «Пайк»,  «Ҳақиқати Ховалинг» маҷаллаҳои «Сафо»,  «Ваҳдатсаро», ва дигар расонаҳои иттилоотӣ иштирок намуданд.

Нишасти матбуотии мақомоти ноҳия тариқи саволу ҷавоб сурат гирифта, рӯзноманигорон ба саволҳои худ ҷавобҳои қонеъкунанда гирифтанд.