Раиси ноҳия Акрамзода Парвиз Акрам аз шомилшавии зиёиён ба гурӯҳҳои террористӣ ва экстемистӣ хабар дод.
Амали террористӣ ва ё ифротгаро падидаи номатлуб дар арсаи ҷаҳон ба ҳисоб рафта, ҳадафи асосии ин гурӯҳҳо ҷорӣ намудани мақсадҳои ғаразонаи худ буда, хоҳони некию осоиштагӣ ва пешрафти ягон халқияту давлат нестанд. Баръакс бо нишон додани амалҳои ваҳшоният, қатлу кӯштор, ғорат, таркиш хоҳони ҳокимияте мебошанд, ки дар он танҳо манфиатҳои шахсӣ бошаду бас. Барзами ин бо истифода аз эътимоду равияҳои инсонӣ ва рӯйпӯш намудани мақсадҳои номатлуби хеш ба амри хоҷагони хориҷӣ аз дину мазҳаб истифода бурда, ашхоси сабукпою сабукфикрро ба доми худ андохта, ба сӯи худкӯшию нобудӣ мебаранд.
Барои равшантар дарк намудани ин ки дар воқеъ террорист кӣ ҳаст ва Ислом чӣ ҳаст ба худ суол диҳед! Оё дар ягон дину мазҳаб ва оине гуфта шудааст, ки мардуми бегуноҳ, оҷизу нотавон, дар мисоли занону кӯдаконро кӯшед? Ё хунбаҳоро аз кассе гиред, ки ҳатто намешиноседаш?
Албатта не. Дар ҳеҷ давру замон, дину оин ва аҳкоми инсоният чунин гуфта нашудаасту чунин иҷозат ҳам намедиҳад. Зеро ин ба ҳеҷ ваҷҳ қобили пазириш нест. Аз ин рӯ бояд гуфт ҳақ ба ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки мегӯяд: «Террорист давлат, миллат, дин ва оин надорад…» Пас касоне, ки чунин амалро иҷро мекунанд, ҳам аз назари динӣ, ҳам аз назари инсоният душман ва террорист аст. Зеро танҳо террорист аст, ки аз ҳаду марзи одамӣ мебарояду чунин кори шарурро анҷом медиҳад.
Ба хотири таъмини амният ва гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ оид ба гаравидани шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ зимни гузаронидани маҷлиси назоратии назди раиси ноҳия Акрамзода Парвиз Акрам аз шомилшавии баъзе зиёиён ба ин гурӯҳҳо хабар дод.
Бояд қайд намуд, ки ин гуруҳҳо пештар барои анҷоми амалҳои худ бо нафароне корбарӣ мекарданд, ки дониши мукаммали динӣ ва дунявӣ надоштанд ва зуд фирефта карданагон осон буд. Аммо чуноне, ки пайдост амалҳояшон хок хурдаву боз дар пайи баъзе шахсоне мисли зиёӣ ё ба қавли дигар «донишманд» шудаанд то тавонанд бо истифода аз ин усулашон ба ҳадафҳои шуми хеш бирасанд. Бояд гуфт, ки «Ҳеҷ бори каҷ ба манзил намерасад» Аз ин хотир Акрамзода Парвиз Акрам ҳангоми суханронияш дар маҷлиси назоратӣ оид ба вазъи пуртазоди ҷаҳон, авҷ гирифтани амалҳои террористӣ ва экстермистӣ дар аксари давлатҳои Ховари Миёна ҷаҳон, инчунин таҳдиду хатари он ба кишварҳои ҳамсоя ёдовар шуда, бори дигар иброз намуд, ки курдилону намакнашносон ва хоинони миллату давлат ҳеҷ гоҳ дар пайи ободию осоиштагии мардум набуда, кӯшиш менамоянд, ки ба ҳар роҳу усул ин оромию субботро барҳам зананд. Барои ин моро зарур аст, ки ҳушёрию зиракиро аз даст надода, бо истифода аз донишу малака ва дурандешии сиёсии хеш муттаҳид шуда, нагузорем бадхоҳону ҷоҳталабон ин сулҳу субботи моро халалдор созанд. Ҳамчунин оид ба гаравидани шаҳрвандон ба гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ аз ҷумла ба гуруҳи террористии «Иғвон-ул-муслимин» гуфта шуд аз кишвари мо 400 нафар шаҳрванд дастгир карда шуда дар миёни онҳо ашхоси донишманд ва зиёӣ низ ҳастанд, ки мутаасифона 1 нафари он истиқоматкунандаи ноҳия мебошанд ва ин хеле нороҳаткунанда аст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ буда, дар арсаи ҷаҳон ҳамчун давлатӣ сулҳхоҳу сулҳҷӯ эътироф гардида, Тоҷикистон низ дар ин мадди назар муқобили тундгароӣ ва амалҳои террористию экстемистӣ мебошад.
Дар рафти маҷлис Акрамзода Парвиз Акрам ҷиҳати маракаи Интихоботи Маҷлиси вакилони халқ ба Маҷлисҳои вакилони халқи ҷумҳурӣ, вилоят ва ноҳия ҳарф зада бо масъулин супориш дода шуд, ки корҳои идеологиро миёни мардум бештар намоянд. Инчунин ба эмомхатибони масҷидҳои панҷвақта ва ҷомеъ дастур дода шуд, ки дар ҳар як вақти намозҳои панҷвақта ва ҷомеъ оид ба сиёсати меҳанпарастӣ ва сулҳҷӯёнаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва таҳкими амнияту субботи ҷомеа маърузаҳо доир намоянд. Ҳамингуна аз хавфу хатар, ҳадафу найрангҳо ва оқибатҳои гуруҳҳои ифротгаро мардумро огоҳ намоянд. Гуфта мешавад, ки гуруҳҳои террористӣ ва экстремистӣ бо истифода аз ҳар роҳу усул аз ҷумла шаббакаҳои иҷтимоии интернету телефон кор бурда бо ҳилаю найранг мардумро ба доми худ андохта дар иҷрои амалҳояшон истифода мебаранд. Аз ин рӯ ба толибилмон, ҷавонону калонсолон тазаккур дода мешавад, ки ҳангоми истифодаи телефонҳои мобилӣ ё шабакаҳои интенетӣ мақсаднок ва оқилона истифода намоянд. Бо шахсони ношинос ва сайтҳои ношинос ҳамроҳ нашаванд, зеро бисёри аз сабабҳои гаравидани ҷавонону шахсони шомилшудаи ин гуруҳҳо касоне мебошанд, ки дар шабакаҳои интернетӣ бо шахсони ношиносу сайтҳои номаълум ҳамроҳ шудаанд. Илова бар ин надонистани кору амал шахсро аз ҷавобгарӣ маҳрум намесозад. Аз ин рӯ аз тамоми мардуми ноҳия хоҳиш карда мешавад, ки фирефтаи ҳар гуна ҳизбу равияҳо нашуда худ ва хонаводаи худро ба хатар наандозед-гуфта шуд дар хабар.
Ализода Муҳсин Алӣ