Вохӯрӣ бо номзадҳо
Мусаллам аст, ки шурӯъ аз моҳи феврали соли равон дар тамоми қаламрави кишвари азизамон вохӯрии интихобкунандагон-сокинон бо номзадҳо ба вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои вакилони халқи вилояту ноҳия баргузор гардида истодааст.
Ҳамин гуна санаи 11-уми феврали соли равон дар толори қасри фарҳанги ноҳия вохӯрии сокинони ноҳия бо номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи якмандатаи Муъминобод №38 Абдуллоев Мироҷ Санонович, Раҳимзода Саъдулло Абдулло, Таваллоев Маъруф Исломович ва Ҳусайнов Парвиз Шарифович баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ шахсони дар боло зикршуда ва ҳамзамон муовини авали раиси ноҳия Қодирзода Маҳсиддин Устоғулом ширкат доштанд. Нахуст вохӯриро Қодирзода Маҳсиддин Устоғулом кушода суханро ба Ҳасан Ҳайдаров шахси бовариноки номзад ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатаи Муъминобод №38 Абдуллоев Мироҷ Санонович дар мавриди муаррифӣ дод. Ҳамин тариқ шахсони бовариноки дигар номзадҳо низ суханронӣ намуда, номзадҳоро ба интихобкунандагон муаррифӣ намуданд. Тибқи рафти ин вохӯрӣ сухан ба Абдуллоев Мироҷ Санонович дода шуд. Ҳамин тавр номзадҳои дигар доир ба интихоби вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуданд.
Дар фарҷом муовини аввали раиси ноҳия Қодирзода Маҳсиддин Устоғулом аз ҳозирин-иштирокчиёни ин вохӯрӣ даъват ба амал овард, ки агар суолҳое дошта бошанд метавонанд ба номзадҳо пешниҳод намоянд.
Инчунин, даъват ба амал оварда шуд, ки сокинон омодагиҳои худро ҷиҳати баргузории райъпурсие, ки санаи 1-уми марти соли 2020 пешбинӣ шудааст, бигиранд то ба номзадҳои арзанда ва дилхоҳӣ худ овоз бидиҳанд.