Хабарҳо

Табрикоти раиси ноҳия Акрамзода Парвиз Акрам ба кормандони Прокротураи ноҳия бахшида ба рӯзи идашон

Табрикоти раиси ноҳия Акрамзода Парвиз Акрам ба кормандони Прокротураи ноҳия бахшида ба рӯзи идашон

Мақомоти прокуратура яке аз сохторҳои муҳими низоми давлатдорӣ ба шумор рафта, иҷрои дақиқ ва якхелаи қонунҳоро дар кишвар таъмин менамояд ва ба ҳифзи сулҳу субот ва амният, таҳкими пояҳои давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ саҳми босазо дорад.

Бо дарназардошти нақши арзишманди прокуратура дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии ҷомеа мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии но[ия ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоиди корӣ ва ҳифзи иҷтимоии кормандони ин мақомот ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ мегардонад.

Кормандони ин мақомот вазифаҳои аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузошташударо баҳри ҳимояи манфиатҳои давлат сарбаландона иҷро менамоянд.

Меҳнати пуршараф ва талошҳои шоистаи ҳар як корманди мақомот дар ин ҷода аз ҷониби ҳам давлат ва ҳам ҷомеа ба хубӣ эҳсос мегардад ва қадрдонӣ карда мешавад.

Эътимоди баланди роҳбарияти мамлакат ва мардуми кишвар ба азму иродаи кормандони прокуратура рӯҳу илҳоми тоза бахшида, барои ҳомии воқеии ҳуқуқу озодиҳои инсон будани онҳо роҳнамоӣ менамояд.

Дар ин рӯзи муборак ба ҳамаи кормандони мақомоти прокуратураи но[ия умри дароз, саломатӣ, сарбаландиву хонаободӣ ва дар иҷрои вазифаҳои масъулиятноку шарафманд комёбиҳои беназир таманно менамоям