Ба роҳ мондани корҳои фаҳмонидадиҳӣ ҷиҳати самаранок истифода намудан аз заминҳои наздиҳавлигӣ, Президентӣ ва дигар заминҳои дар ихтиёри одамон буда, як самти фаъолияти кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияро ташкил медиҳад. Онҳо дар гурӯҳи алоҳида ҳамарӯза аз рафти истифодабарии заминҳо дидан намуда, ба соҳибони онҳо дар шароити буҳрони иқтисодӣ ва иҷтимоӣ мефаҳмонанд, ки аз заминҳои дар ихтиёрдоштаи худ барои тиъмини аҳли оила ба маводи аввалияи ҳаёт самаранок истифода намоянд.
Рӯзи 13- майи соли ҷорӣ чунин чорабинии таблиғотию ташвиқотӣ дар Ҷамоати деҳоти Ҷомбахт гузаронида шуд. Мушоҳидаҳо нишон дод, аз 25 замини наздиҳавлигие, ки кормандони Кумитаи иҷроия боздид ба амал оварданд, заминҳои истифоданашуда хеле кам мондааст. Мардум алакай моҳияти ин масъаларо хуб дарк намудаанд ва аз заминҳои то ҳол истифода нашудашон низ самаранок истифода менамоянд.