Чуноне, ки Президенти кишвар, Пешвои муаззами миллат доимо таъкид медоранд «Истиқлолият неъмати бебаҳо ва ниҳоят пурарзишест, ки халқи тоҷикро соҳиби комили ҳуқуқи сарнавишти хеш намуд». Пас месозад ҳар як фарди ватанхоҳ зери сиёсати ин вориси арзандаю хештаншинос гомҳои арзанда ва созанда бигзорад.
Дар воқеъ ҳисси баланди ватандусти, худшиносӣ ва меҳанпарастӣ метавонад моро дар назди башарият ҳамчун ворисони некноми ин миллат муаррифгар бошад. Дуст доштани меҳани аҷдоди, ҳимояву ҳифзи ин марзи муқаддас, пойдории ин кишвари биҳиштосо аз худшиносии ҳар яки мо маншаъ мегирад.
Агар авроқи тоҷиконро варақгардон намоем ин миллати шарафманду бузург ҳеҷ гоҳ ба ҳеҷ минвол ба касе зӯровари накарда ҳувияту фарҳанги худро ҳаргиз аз даст надодааст ва нахоҳад дод. Имруз, ки мо истиқлолияти давлатиро соҳиб гаштаем бо низоми давлатии хеш бо гомҳои устувор пеш меравем. Зуҳуроти бегонапарастӣ дар руҳияи хеш надода, дастовардҳои фарҳангии миллати тоҷикро дар байни дигар халқу миллатҳо муаррифгар бошем. Дар фазои сулҳу Ваҳдат, Истиқлолияту якдилӣ, зери парчами давлати сарҷаъмона гирд омада шукри якпорчагии Ватан карда, давлати хешро боз ҳам зеботару ободтар гардонем.
Мутаасифона бо вуҷуди ин ҳама оромию осудагӣ афроди ношукре пайдо мешаванд, ки фирефтаи пулу моли хоҷагони хориҷии хеш шудаа, ба модар – Ватани хеш хиёнат намуда, шомили гурӯҳҳои террористию экстремисти шомил гардида, аз пайи амали намудани амлҳои нопоки худ кишвари Соҳибистиқлоли моро ноором сохтан мехоҳанд.
Бадхоҳони миллату давлати азизи мо набояд фаромуш созанд, ки ҳаргиз ба мақсадҳои баду палидонаашон нахоҳанд расид, зеро мо ҷавонону ватандустоне дорем, ки то лаҳзаи охирине, ки дар бадан ҷон доранд зидди ин аблаҳони беватан меҷанганд. Мо Ватан – модари хешро дуст медорем ва ҳамеша баҳри ободии он мекушем.
Амалиёти ин гурӯҳҳои палиду бадхоҳ таърихи дуру дароз дорад. Он ҳанӯз аз лашкаркашиҳои Искандари Мақдуниву аъроб, ки мардумро ба қатлрасонида, тамоми осори маданӣ ва китобхонаҳоро оташ заданд, ибтидо гирифта, дар давраи ҷангҳои салибӣ, ҳуҷуми муғулҳо, ғоратгарӣ ва бедодгариҳои туркзабон он нисбат ба халқҳои эронитабори Осиёи Марказӣ, ҳаракати босмачигарӣ, ҷанги фашистии Олмон, ҳаракати «Толибон», «Ал-қоида» ва ғайра боз ҳам қуввати бештарро дар худ касб кардаанд. Дар амалиёти онҳо ягон зарра падидаи мусбат дида намешавад, ҳарчанд Абдураҳмони Ҷомӣ ва Саъдӣ барои тақвияти фикрашон Искандари Мақдуниро чун шоҳи одил ба сифати идеал қабул кардаанд. Ин тамоман гапи дигар аст.
Имрӯз дар кишвари мо барои кору зиндагии ҷавонон тамоми шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Бо вуҷуди ин, бархе ҳанӯз ҳам вобаста ба равандҳои ҷаҳонишавӣ, шиддат гирифтани муборизаҳои иттилоотӣ, инчунин воридшавии мафкураи бегона ба зеҳни ҷомеа шомили гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ мешаванд. Ба назари мо, вақти он расидааст, ки ҳар як фарди солимфикри ҷомеа ба масъалаҳои худшиносиву худогоҳӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, таърихиву фарҳангӣ, ҷаҳонбинии демокративу дунявӣ, пойдории ваҳдат ва суботи кишвар таваҷҷуҳи бештар зоҳир намояд. Ба гуфтаи Сарвари давлат, бо назардошти вазъи ҳассосу печидаи ҷаҳони муосир олимону донишмандони мамлакат бояд ба масоили мафкураи миллӣ, таҳкими давлатдорӣ ва рушди иҷтимоиву сиёсии ҷомеа, иттиҳоди неруҳои созандаи кишвар, ҳифзи манфиатҳои стратегии Тоҷикистон, мубориза бар зидди терроризм, экстремизм ва хурофотпарастӣ эътибори аввалиндараҷа диҳанд. Дар сурати иҷрои ин ҳидояти Президент ва якдилу яктан будани сокинони мамлакат пеши роҳи ҳар гунна хатар гирифта мешавад ваТоҷикистони ободу зебои мо шукуфонтар мегардад.
Аловуддин Набиев – директори КФ корхонаи воҳиди давлатии “Лоиҳакаш”