Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва умуман дар асри ҳозир на ҳамеша имкони назорат ва табодули андеша муваффақ мешавад. Аксарият бинобар сабаби кам будани вақт ва зиёд будани маълумоти бардурӯғ фирефта мегарданд ва бештар ҳамин ҳолат сабаби бой додани мустақилияти инсонҳо мегардад. Як сабаби аслии гумроҳ шудани ҷавонон ҳам маҳз ҳамин аст, аз саросемагӣ ва зиёд будани маълумоти бардурӯғ онҳо наметавонанд, мавқеъгирӣ намоянд. Инро ҳам ба ибораи дигар метавон зарбаҳои нодурусти психологӣ ҳам номид. Аслан дар ҳолати ноумедӣ ва маъюс ҳарор додани инсонҳоро гурӯҳҳои ифротӣ зиёд истифода намуда дар наздиктарин фурсат исонро гумроҳ менамоянд. Ҳамин равандро саркардагону роҳбарони ТЭТ ҲНИ низ исти истифода намуда, тариқи паҳн намудани ахбори бардурӯғ, овардани далелҳои нодурусту бепоя, танқиди шахсиятҳо ва ворид шудан ба ҳарами шахсӣ ба боварии мардум медароянд ва дигаронро гумроҳ месозанд. Чизи дигаре, ки Кабирӣ ва дигари хоинон истифода менамуданд, ин фанатизми динӣ мебошад, ки садҳо ҷавон ба ҳамин ироҳ қурбон шуд. Акнун ҳамаи ин нағмаву формулаҳои Кабирӣ ошкор гардид ва ҷавонон дигар бо дурӯғу афсонаҳояш бовар намекунанд ва ин ба он боис гардид, ки палидони назҳати бо номи нав худро муаррифӣ созанд, аммо мақоми мардуми ҳаст, ки “хар ҳамону ҷулу пордумаш нав”. Хоинон њамеша ба ранги пул менигаранд на ба ањволи мардум ва миллати худ. ТЭТ ЊНИ барои Кабирии хоин фаќат як лоињаи тиљорати асту халос. Дар он на аз манфиати динї гап мераваду на аз њифзи фарњангу таърихи миллат. Ин ташкилоти таъсисдодаи хориљињост, ки бар зарари миллат кор мекунанд ва аз ин њисоб Кабирии палид пул кор мекунад.