Ба истиқлолияти давлати расидани Тоҷикистон ба мисли ҳамаи ҷамоҳири давлати Шӯравӣ ба ҳамин давраи ҳассоси рушди ҷомеа башарӣ рост омад. Тоҷикистони тозаистиқлол ҳам ба мисли ҳама ҷузъҳои дигари он давлати пошхӯрда ба бӯҳрони амиқи сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ рӯ ба рӯ омад. Нишонаҳои нахустини ҳолати бӯҳронӣ ҳануз аз соли 1990, ки алакай сиёсати давлати мутамаркази Шӯравӣ заиф гашта буд зуҳур мекард. Ҳодисаҳои солҳои 90 ва 91-и асри гузашта ва оқибат даҳшатҳои соли 1992 барало собит намуданд, ки мардуми Тоҷикистон пеш аз ҳама роҳбарияти он вақтаи ҷумҳурӣ ба чунин гардиши чархи таърих омода набуданд. Тамомои мақомоти марказии давлати дар як муддати нисбатан кӯтоҳ зимоми роҳбарии кишварро аз даст доданд. Соли 1992 гурӯҳҳои тундрави ифротгароӣ Тоҷикистон чун нерӯи қаввии қудратталаб шакл гирифта нерӯҳҳои хостори сохти демократиро канор гузоштанд ва бо истифода аз мавҷҳои бархостаи озодихоҳи ба муборизаи ошкорро баромаданд. Дар натиҷа мардуми аз сиёсат ба низоъҳои хатарноки манфиатдорони дохилию хориҷӣ бехабар ба ду самтгар тақсим шуданд. Дар ду майдони ба ҳам наздики маркази шаҳри Душанбе ки он вақт яке “Шаҳидон” ва дигаре “Озодӣ” номида мешуд, ду гирди ҳамоии бисёр ҳазор нафара ташкил ёфт. Талабу дархостхои мардуми ду майдон комилан муқобили ҳамдигар буд. Бо рух додани чунин ҳолат вазъияти сиёсии пойтахт ва умуман кишвар шиддати бесобиқа пайдо намуд. Айбдоркунӣ ба таҳдидҳои мутақобилаи гирдиҳамо омадагони ду майдон то ба ҳадде шиддат гирифт, ки дигар онҳо гӯшу ҳуши шунидан ва таҳамул кардани алфози ҳамдигарро надоштанд. Ба майдони муборизаҳои сиёсӣ ва мансабталоши кашидани мардуми оддӣ, ки аз умқи сиёсатбозиҳо ва қудратталабиҳои пурхатар ҳеҷ огаҳи надошт яке аз фоҷиаҳои асосии он замон ба шумор мерафт. Аксари муборизони роҳи бунёди ҷомеаи демократӣ хусусан мардуми оддии гирди ҳам омада гумон ҳам надоштанд, ки кор то ба ҳадди ҷанги бародаркуш мерасад, ба ғайр аз гурӯҳҳои тундрави ифротгаро. Муборакшоев Ш.
Сабтҳои охирин
Мо зидди террор
Умуман таҳти мафҳуми «созмон ё ҳаракатҳои исломӣ» қувваҳои гуногунро фаҳмидан мумкин аст. Бархе аз чунин созмонҳо ва ҳаракатҳо хусусияти эктремистӣ дошта, фаъолияти онҳо дар аксарияти кишварҳои исломӣ мамнуъ мебошад. Гурӯҳи дигари чунин созмон ва ҳаракатҳоро ҳизбҳо ва созмонҳое ташкил медиҳанд, ки дар арсаи ҳаёти сиёсии кишварҳои исломӣ озодона ва бо иҷозати қонун амал намуда, барои […]
Экстремизми сиёсӣ
Экстремизми сиёсӣ Дар олами муосир хатари терроризм ва гурӯҳҳои ифротгароӣ яке аз масъалаҳои мубрами илмҳои сиёсӣ буда, омилҳо, хусусиятҳо, харобаҳои он аз ҷониби илмҳои гуногуни ҷомеашиносӣ мавриди омӯзиш ва тадқиқи илмӣ қарор гирифтааст. Ин раванди номатлуб ҷомеаи башариро нигарон намуда, баҳри пешгирии омилҳои террористӣ тамоми омилҳо, сабабҳо ва дарёфти роҳу усулҳои самарабахши мубориза алайҳи терроризмро […]
Сафарбарнамоии ҷавонон ба сафи қувваҳои мусалаҳ
Сафарбарнамоии ҷавонон ба сафи қувваҳои мусалаҳ Баромади табрикии раиси ноҳия оид ба сафарбар намудани ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон (рузи 02.10.2019) Ҳамдиёрони азиз, ҳозирини муҳтарам! Тавре огаҳи доред имрӯзҳо дар саросари кишвари азизамон Тоҷикистон сафарбаркунии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гашта истодааст. Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сипари боэътимоди давлат […]