Хабарҳо

Мо ҷавонон  якдилона бар ҷонибдории Пешвои муаззами миллат овоз медиҳем.

Бузургтарин дастоварди замони истиқлолии кишвар ин ба даст овардани Ваҳдати миллӣ мебошад, ки  Президенти кишвар, мухтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ноил шудан  ба он дар як давраи сангин  ба минтақаҳои хатарнок сафар намуда бо мухолифин гуфтушунидҳо ва музокироти судманд анҷом доданд. Пешвои муаззами миллати тоҷик барои ба даст овардани Ваҳдати коимили миллӣ ҷавонии хешро фидо карданд, то ҷавонони миллат саодатманду хушбахт бошанд. Маҳз хидматҳои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки аз як кишвари ба пораҳо тақсимшуда Тоҷикистони ягона бунёд гардида халқи шарифи он дар партави як сиёсат бо ҳам омаданд ва пуштибони аз сиёсати пешгирифтаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намуданд. Пешвои миллат дар зарфи 29- соли соҳибистиқлолӣ шароити хубу арзандаро барои мардуми шарафманди тоҷик муҳайё сохтанд ва ҳамин аст, ки имрӯз шаҳрвандони кишвар бо шукургузори аз оромиву осудагӣ ва тинҷиву амонӣ дар фазои ваҳдату якдилӣ умр ба сар бурда баҳри пешрафти бо суботи ояндаи кишвар азму талош мекунанд. Истиқлолияти давлати имконият фароҳам овард, ки мардуми шарифи Тоҷикистон бахусус ҷавонони ояндасози миллат бо ташаббусҳои созанда баҳри пешрафти Ватани азизамон саҳми босазо гузоранд. Маҳз истиқлолияти давлатӣ барои ҳар як ҷавон имконият фароҳам овард, то аз фарҳанги гузаштаи хеш ҳимоят карда тавонанд. Ҷавонони бонангу ори кишвар бо ташаббусҳои созанда ва иқдомҳои наҷиб ба боварии Пешвои муаззами миллати тоҷик сазовор гардида имрӯзҳо дар пешрафти ватани азизамон саҳми босазо гузошта истодаанд. Ҷавонони зодаи даврони истиқлол чун пайравони асили Пешвои муаззами миллат барои ҳифзу ҳимояи арзишҳои миллию давлатӣ дастовардҳои замони 29-соли соҳибисиқлолии кишвар талош варзида намегузоранд, ки истиқлолияти давлатӣ аз Ваҳдати комили миллиро, ки бо ҷонбозиҳо ва корнамоиҳои Пешвои миллат ба даст омадааст, душманони миллат халалдор намоянд.

Бахши кор бо занон ва оила

Мирзоева Д.