Муҳаммадиқболи Садриддин, яке аз руҳонии умури дин ва мудири пойгоҳи таҳлилии “Ислоҳ” мебошад. Муҳаммадиқболи Садриддин айни ҳол 42- сол дошата дар яке аз кишварҳои Аврупо паногоҳи сиёсӣ гирифтааст. Тули се соли охир ӯ сардабири вебсайти оппазитсионии “Ислоҳ ” буда пеш аз он ӯ сайти “Islam Hause” –ро таҳрир менамудаст ва дар сомонаи isloh.net бошад зуд- зуд дар бораи фасод ва мансабдорони болоии Тоҷикистон нашр мекардаст.
15-уми октябр бошад Додситони кулли Тоҷикистон эълом кард, ки парвандаи ҷиноӣ алайҳи Муҳаммадиқболи Садриддин пас аз муроҷиати шаҳрвандони Тоҷикистон Кабутов Неъматулло бадриддинович, Холов Сиёвуш ва Қаюмов Носиҳиддин оғоз шудааст. Онҳо изҳор доштанд, ки Муҳаммадиқбол маблаӯҳои онҳоро дар ҳаҷми 430,000$ аз худ кардааст. Маблағ ба гуфтаи довталабон, дар назди шоҳидон соли 2010 дар Дубай интиқол шудааст. Ин шахс нафароне, ки дар боло қайд гардида будан аз онҳо маблаӯи калони пулӣ гирифта ба онҳо ваъда додааст, ки ҳар моҳ 10 ё 12 фисадашро бармегардонад, вале моҳҳои аввал аз онҳам камтарашро баргардонида баъдан бо роҳи фиребу найранг аз муфлисшавии тиҷораташ дар изҳороти маркази матбуоти Прократураи генералӣ рӯзи 15-уми октябр гуфта мешавад. Моҳи ноябри ҳамон сол бошад Дубайро тарк карда ба Бишкек ва аз он ҷо ба Аврупо фирор мекунад.
Муҳаммадиқболи Садриддин, ки худро яке аз руҳониёни донишманди тоҷик, пажӯҳишгари умури динӣ ва мудири пойгоҳи таҳлилии “Ислоҳ” меҳисобад, тариқи расонаҳо, шабакаҳои интернетӣ баҳсу мунозираҳо оиди мавзуъҳое, ки хилофи давлату миллатанд фикрҳои мардумро парешон сохта мехоҳад ҳамаро зери фармону итоати худ қарор диҳанд. Ин гуна афродон, ки бар хилофи давлати худ санги маломат мезананд ҳеҷ гоҳ ба амалҳои нопоки хеш намерасанд.