Дар олами муосир хатари терроризм ва гурӯҳҳои ифротгароӣ яке аз масъалаҳои мубрами илмҳои сиёсӣ буда, омилҳо, хусусиятҳо, харобаҳои он аз ҷониби илмҳои гуногуни ҷомеашиносӣ мавриди омӯзиш ва тадқиқи илмӣ қарор гирифтааст. Ин раванди номатлуб ҷомеаи башариро нигарон намуда, баҳри пешгирии омилҳои террористӣ тамоми омилҳо, сабабҳо ва дарёфти роҳу усулҳои самарабахши мубориза алайҳи терроризмро пайдо хоҳанд намуд. Ба ин маънӣ омӯзиши ҳамаҷонибаи ин масъала талаби замон мебошад. Агар одамон ба масъалаҳои терроризм ва муборизаи зидди он бевосита пайваст набошанд ҳам, тавассути чизи дигаре ва ё субъекти дигаре бо масъалаҳои мухталифи терроризм ва шаклҳои дигари экстремизми сиёсӣ алоқаманд гашта, мавқеи худро муайян менамоянд. Ба ин маънӣ дар тӯли чанд даҳсолаи охир диққати олимони диншинос ва сиёсатшинос ба ислом ва нақши он дар равандҳои сиёсиву иҷтимоӣ дар кишварҳое, ки аксарияти аҳолии онҳоро мусулмонон ташкил медиҳанд, равона карда шудааст. Сабаби асосии чунин таваҷҷуҳ афзоиш ва шиддат ёфтани таъсири ислом ба сиёсати ҷаҳонӣ ва байналмилалӣ мебошад. Хусусан дар охири солҳои 70-ум ва аввали солҳои 80-уми асри гузашта дар тамоми кишварҳои Шарқи Наздик ва Африқои Шимолӣ раванди сиёсишавии ислом ва исломишавии сиёсат оғоз ёфт. Сабаби асосии таҳкими чунин мақом дар сиёсати ин кишварҳо дар он мебошад, ки ислом метавонад ва қодир аст ҳамчун як низоми том ва мукаммали динӣ тамоми соҳаҳои ҳаёти фардӣ ва иҷтимоиро ба танзим дароварад ва идора намояд. Барои таҳкими нақши ислом дар сиёсати ин кишварҳо инчунин ақоиди анъанавӣ дар бораи ягонагии дин ва давлат, пайванди ҳаёти дунявӣ ва динӣ, ки дар шуури ҷамъиятии миллатҳои мусулмон хеле амиқ реша давонидааст, низ нақши хеле муҳимро мебозад. Ақидаҳои мазкур хусусан дар байни аъзои ҳаракатҳо, ҳизбҳо ва гурӯҳҳои сиёсӣ, ки барои бо ормонҳо ва меъёрҳои исломӣ мутобиқ сохтани сиёсати давлатӣ ва ҳаёти ҷомеа мубориза мебаранд, хеле роиҷ буда, ҳаматарафа таблиғу ташвиқ карда мешаванд. Хусусан баъди суқути Иттиҳоди Шӯравӣ ҷуғрофиёи амалкарди созмонҳо ва ҳаракатҳои навбаромади диниву сиёсӣ вусъат ёфта, бархе аз онҳо дар кишварҳо ва минтақаҳои мусулмоннишини пасошӯравӣ роҳ ёфтанд. Омӯзиш ва таҳқиқи ҳамаҷонибаи масъалаи мазкур, яъне падидаи сиёсишавии ислом, таъриху идеологияи созмонҳо ва ҳаракатҳои диниву сиёсии исломӣ барои муҳаққиқони ҷомеашиноси тоҷик аз он сабаб зарур мебошад, ки тавассути он мо бо ин падидаҳои нави диниву сиёсӣ “аз наздик шинос шуда”, характери аҳдофи диниву сиёсии онҳоро дуруст баҳо дода метавонем. Ҳамчунин аз тариқи омӯзиши бонизоми ин масъала чигунагии таносуби байни ҳадаф ва идеологияи созмонҳо ва ҳаракатҳои нави диниву сиёсӣ аз як тараф ва арзишҳои динӣ, миллӣ ва сиёсии Тоҷикистон, аз тарафи дигар муайян карда мешавад. Аз ин сабаб мо бояд дар раванди омӯзиш таърих ва идеологияи ин созмонҳо ва ҳаракатҳоро дуруст муайян намоем ва кадоме аз ин ҳаракатҳо бо набзи ҳаёти диниву сиёсии ҷомеаи кишварамон мувофиқ ва кадомашон мухолифу хатарнок аст, аз бар намоем. Ҳамчунин натиҷаҳое ки аз таҳқиқи ин масъала ба даст оварда мешаванд, барои матраҳ кадани усулҳои илмиву амалии муносибати ҳуқуқӣ бо чунин падидаҳо ва ба мақомоти салоҳиятдори давлатӣ пешниҳод кардани тавсияҳои заруриву саривақтӣ кӯмак мерасонанд.
Сабтҳои охирин
Табрикоти раиси ноҳия Акрамзода Парвиз Акрам ба муносибати “Иди Фитр”
Табрикоти раиси ноҳия ба муносибати “Иди Фитр” Ҳозирини муҳтарам! Имрӯз мардуми сарбаланди ноҳияи зебоманзари Ховалинг дар баробари дигар сокинони кишвар Иди саиди Фитрро бо як шукӯҳу шаҳомати хосса дар доираи чорабиниҳои омодагӣ ба ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқбол мегиранд. Мардуми кишвар ба хусус мардуми шарифи ноҳияи Ховалинг аз дастуру супоришҳо, ки аз Паёми Асосгузори […]
Оштинопазири нисбати душманони миллат, аз чумла терроризму экстремизм худ тарбия аст.
Ифротгар, ифротгарон ва ё гурӯҳҳои ифротӣ. Ин мафҳумҳо маънои тундравӣ, моҷароҷӯӣ, зуровариро доро буда, ба мафҳуми терроризм муродиф аст ва аз рӯи моҳияти худ маънои ҳодисаҳои хатарноку даҳшатангезро ифода намуда, инсон дар ҳолати шунидани чунин калимаҳо дар худ хатар ва эҳтиёт буданро эҳсос мекунад. Дар ҳама давру замонҳо ифротгарҳо вуҷуд доштанд ва фаъолияти мафкуравию амалии […]
Таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ноҳия
Таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ноҳия Аз аввалин рӯзи ба имзо расидани санади созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ миёни (гуруҳи демократихоҳ ва гуруҳи мухолифи апазитсионӣ) дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия анҷом шуд 27 сол пур шуд. Мардуми сарбаланди тоҷик ва сулҳҷӯю дӯстхоҳ ҳама сола ин рӯз, яъне 27-июни 1997-ро ҳамчун рӯзи Ваҳдати миллӣ, рӯзи […]