Хабарҳо

Нақши зан дар ҷомеаи имрӯза

“Зан нигоҳбони хонадон аст”- дар ин ҳикмати куҳан маънии амиқи фалсафӣ ниҳон аст. мутаассифона, дар ҷамоаҳои анъанавӣ шуури ҷамъиятӣ дар симои занҳо танҳо нигаҳбонони хонадонро мебинад. Ба сабабҳои таърихӣ шуури муқаррарии аксари аҳолӣ дар Тоҷикистон бо муқаррароти пешоҳангию ҳукмфармоии бечуну чарои мардон ва тобеияти ба он мутобиқи занон ба таври анъанавӣ падаршоҳист. Одати аз гузашта боқимондаи бо “қалин” харидори кардани арӯс ҳанӯз пурра аз байн нарафтааст. Ҳамчунин бо қарордоди волидон бастани ақди никоҳ, вақте домоду арӯс то тӯй ҳамдигарро ҳатто намебинанд, аз гузашта мерос мондааст. Дар замонҳои ҳозира чунин воқеаҳо кам дида мешавад, зеро сари вақт чораҳои қонунгузории ба камшавии ин гуна рӯйдодҳо мусоидаткунанда андешида шудаанд. Мутаассифона дар ҷумҳурӣ ҳодисаҳои дузанию бисёрзанӣ низ ба назар мерасанд, ҳарчанд барои зиндагӣ бо ду ё якчанд зан бо будани хоҷагии умумӣ ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ шудааст.

Зан чун узви комилҳуқуқи ҷомеа бояд баробари мардон баҳри иштирок кардан дар ҳаёти сиёсии мамлакат тамоми имкониятҳоро дошта бошад. Дар сатҳҳои гуногуни ҳокимият ба вазифаву мансабҳо расман таъин кардани занҳо ҳанӯз аломати воқеии дастрасии занҳо ба раванди коркарду қабули қарорҳо нест ва аз ҷониби давлат пешбарӣ кардани занҳо ба мансабҳои баланд нишондиҳандаи беҳтаршавии имкониятҳои занон дар муқоиса бо мардон ба шумор намеравад. Баланд гардидани мақоми зан дар ҷомеа имконият медиҳад, ки иҷтимоиёт ба манфиати миллат бо низом пеш равад. Занҳо қисми нисбатан устувору босубот ва дар айни замон қисми  аз нигоҳи нерӯи нисбатан бонизоми ҷомеа мебошад. Рафтори нисбатан босуботонаи табиии занон, лаёқати ба онҳо хоси худ мутобиқ шудан ба шароитҳои зуд – зуд ивазшавандаи ҷаҳони имрӯзаро метавон ва бояд ба хидмати ҷомеа гузошт. Нерӯе, ки занҳо соҳибанд, бояд рад накарда, ҳамаҷониба истифода бурда шавад.

Бахши кор бо занон ва оила

Мирзоева Д.