Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил ва узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар шароити бархурди тамаддунҳо ва хатарҳои рӯзафзуни зеҳни инсони ва дар роҳи расидан ба ҳадафҳои стратегӣ қадамҳои устувор мегузорад, ки онро бузургтарин кишварҳои олам эътироф карданд. Ин кишвари тамаддунофар бо нуфузи камтар аз 10млн хеш аз хатарҳои сиёсиву мушкилотҳои глабалю умумибашарӣ ҳеҷ вақт канор нест. Дар ин давраи ҳассос бояд зиракии сиёсиро пеша карда шукронаи ҷомаи амал пушидани омолу ормонҳои ҳазорсолаи давлатсозию давлатдории гузаштагони озодихоҳамонро кунем, ки бо саъю кушиши зиёде ба даст омад ва айни ҳол давлати мустақили миллии хешро дорем. Набояд фаромӯш сохт, ки озоди ва истиқлолият муқаддастарин ва волотарин дастоварди миллат маҳсуб ёфта саҳифаҳои пурифтихори озодихоҳию ватанпарварии мардуми мо бо хуни ҳазорон далерону шуҷоатмандони ҷонфидоъ ба даст омадааст. Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, ки тантанаи адолати таърихи ва нишонаи сарбаландии халқи тоҷик мебошад, фақат натиҷаи аз байн рафтани Иттиҳоди Шӯравӣ нест. Ҳаракати озодихоҳии ниёгонамон муддати ҳазорсолаҳо идома ёфта дар ибтидои асри 20 шаклу мазмуни нав пайдо намуд ва олимону зиёиёни сарсупурд ва дурандеш набояд аз ёдҳо фаромӯш кард. Дар ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистони азиз, ки Ваҳдати Миллӣ ва сулҳу субот барқарор аст барои муборизаи мафкуравӣ ҳоҷиат нест ва барои аксарияти мардуми тоҷик пайрав ва эътиқодманди дини мубини ислом аст. Мутаасифона нафароне ҳастанд, ки аз ин ҳолат истифода бурда мехоҳанд мардумро гумроҳ кунанд. Бо истифода аз ақидаҳои диниву ифротӣ ва дасисабозиҳои одамони хориҷӣ гурӯҳи хиёнаткорон ба сари ин мулоҳиҷаҳои таърих фоҷиаҳои навро ба бод оварданд. Дар натиҷа ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистони соҳибистиқлол зиёда 150 ҳазор ҷавонону мардон кушта шуданд ва 55 ҳазор нафар кӯдакон ятим ва зиёда 28 ҳазор нафар занону модарон бешавҳар монданд. Инчунин зиёда 1млн сокинони кишвар номи гурезаро гирифта ва ба иқтисодиёти Тоҷикистон беш аз 10млрд доллари Амрикоӣ барои хисорот ворид гардид ва зарари маънавиро ҳисоб кардан ғайри имкон аст.
Сабтҳои охирин
Чаро Кабирӣ аз гузаштаро ба ёд овардан метарсад?
Чаро Кабирӣ аз гузаштаро ба ёд овардан метарсад? Баромади Муҳиддин Кабирӣ бо ном раиси Паймони миллии Тоҷикистонро аз тариқи сомонаи ҳамин паймони дурӯғин бо диққат гӯш кардам. Бисёр изҳори миннатдорӣ намуд, ки ба онҳо барои худсафедкунӣ дар маҷлиси солонаи САҲА минбари сухан доданд. Ба ғайр аз ҳамин созмон баромади Кабирӣ ва ҳамроҳонашро дар дигар созмонҳо […]
НОМГӮИ САВОЛҲО ҶИҲАТИ ИСТИФОДА ҲАНГОМИ БАРГУЗОРИИ ОЗМУНҲО БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛИИ МАЪМУРИИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
1.Саволҳо оид ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 Маълумоти умумӣ дар бораи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (қабул, ворид намудани таѓийру иловаҳо, таркиби Конститутсия). 2 Аркони (унсурҳои) давлатдории Тоҷикистон мувофиқи моддаи 1 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шарҳ дода шаванд. 3 Дар бораи асосҳои сохтори конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот дода шавад (боби якуми Конститутсия). 4 Рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шарҳ […]
Надонистани сарнавишти таърихӣ шахсро ба бегонапарастӣ ва қадр накардани қиммати дастовардҳои миллӣ оварда мерасонад.
Ҳоло яке аз масъалаҳои муҳим, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷумҳурии моро ба ташвиш овардааст, терроризм ва ифротгароӣ мебошад. Терроризм ва ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлуб дар замони имрӯза ба шумор меравад, зеро зуҳуроти мазкур боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш, таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнин, таҷовуз ба ҳаёти арбоби давлатӣ ё ҷамъиятӣ, бенизомӣ, […]