Хабарҳо

Рӯсиёҳ

Вақте ягон одами ғаразнок  нисбати шахси дигар ва ё масъалае дурӯғ мегӯяд, аввалин калимае, ки аз забони шунаванда мебарояд, чунин аст:  Рӯят сиёҳ дурӯғгӯй.

Баъди  шунидани  баромади ғаразнок, туҳматангез сад дар сад дурӯғи  яке аз душманони давлату миллат дар қисмати 14 –уми бо ном “Минбари муҳоҷир” ҳамин калимаи маъмулӣ, ки нисбати чунин шахсони даст аз ҷон шуста (ҳар кӣ даст аз ҷон бишӯяд, Ҳар чӣ бар забон ояд бигӯяд) баён карда бар забон омад. Рӯят сиёҳ дурӯғгӯй бо ин қадар шайтонгариат.

Баромад аз аввал то ба охир аз суханони хушкухолии бадномкунандаи Пешвои миллат иборат буд.  Гӯё Президенти мамлакат дар давоми роҳбари давлат буданаш ғами на муҳоҷирони меҳнатӣ ва мардуми дохили мамлакатро мехӯрдааст. Президент дар давоми фаъолияташ  баҳри беҳбудии зиндагии мардум корероанҷом надодааст, аз ҷумла дар соҳаи маориф ва тандурустӣ ҳам.

Дар охир  баъди ҳамаи ин рӯяшро сиёҳ карда, дурӯғ гуфтан даъват намуд, ки мардум хомӯш наистанд. Яъне даъват ба ноорм сохтани мамлакат ва баргаштан баҳодисаҳои гӯшношуниди солҳои навадуми асри гузашта.

Рости гап хеле одами ба тоқат набошад, дар давоми лақидани баранда ба ҳафт пушташ дашноми обдор мефиристад. Эй, худозада, мард бошӣ як бор ба Тоҷикистон биёву бин, ки на танҳо дар шаҳри Душанбе, балки дар дилхоҳ ноҳия ва ҳатто ҷамоати деҳот чӣ дигаргуниҳо ба амал омадааст. Ту лақӣ  аз лақидан дида, биёёву ҳисобкун, ки дар замони Истиқлолияти давлатӣ дар кишвар чи қадар иншоотҳои азим, корхонаҳои истеҳсолӣ муассисаҳои замонавии таҳсилоти миёнаи умумӣ касбӣ ва олӣ, чи қадар муассисаҳои тиббӣ сохта, бо навтарин таҷҳизотҳо муҷҷаҳаз гардонда шудаанд. Ту рӯсиёҳ ҳатто  шумораи онҳоро ҳисоб карда наметавонӣ.

Ту шайтон мегӯӣ, ки Пешвои миллат на ғами муҳоҷиронро  мехӯраду на ғами мардуми дар кишварбударо. Дар ҳамаи вохӯриҳояш Пешвои миллат бо президенти Россия оиди муҳоҷирони меҳнатӣ, додани имтиёзҳо ба онҳо шартнома ба имзо мерасонад. Агар ту ва роҳнишондиҳадаатон Муҳиддин Кабирӣ Кӯр шуда бошеду чизеро набинед, мо мебинем. Дар бораи сатҳи зиндагии мардум шайтонгарӣ кардӣ. Биёву дар хонаи дилхоҳ сокини кишвар меҳмон шав ва ба рӯи дастурхони ӯ назар андоз. Баъди ин худат бар худат лаънат мехонӣ, чӣ қадар рӯсиёҳ ва худозадаӣ.

Тамоми дастовардҳои халқи кишвар   дар асоси сиёсати инсондӯстона, ватандӯстона, созанда  ва бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷомаи амал пӯшидаанд. Инро аз хурд то калон медонанд ва бо Пешвои худ, ки халқро аз ҷӯшаи ҷанг кашида баровад, мамлакати қашоқ ва дар ҳолати барҳамхӯриро  (ин ҳам ба касофатии шумо роҳбарони ТТЭ ҲНИ. Мардум инро хуб дар хотир доранд) ба давлати рӯ ба тараққӣ табдил дод, ифтихор менамоянд. Аз ин рӯ, ҳар сухани носазонибати Пешвои миллат ғазаби мардумро ба вуҷуд меорад.

Як нафар дар рафти барнома занг зада (ҳамаи  зангҳои телефонӣ ҳам сохтаанд) гилла кард, ки баъди ҳар баромад  роҳбарони ҲНИ  ва барномасозон таги дашному ҳақорат мемонанд.  Хафа нашаведДаҳони мардумро баста намешавад. Дар ҳолате, ки сухани дурӯғ,   туҳматангез, иғвоангези шумо барин беномусон, душманони давлату миллатро мешунаванд, ба ҳафт пуштатон лаънат ва дашном мефиристанд ва хуб ҳам мекунанд.

Халилзода С.