Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон 24-уми ноябри соли 1992 пазируфта шудааст. Тартиби омодасозӣ, андоза ва корбурди расмии Парчамро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 –уми майи соли 2007, таҳти №254 “Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва Низомнома дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11-уми декабри соли 1999, №892 тасдиқ шудааст, муқаррар мекунад. Таърихи пайдоиши парчам ҳамчун рамзи миллӣ ва давлатдорӣ ба давраҳои бостонии таърих рафта мерасад. Дар давраҳои давлатдории тоҷикон Парчам ҳамчун рамз ё нишонаи давлат, муттаҳидӣ ва мубориза истифода мешуд. Вале он на дар шакли имрӯзааш, ки аз матоъ ва алматҳои тасвиршуда иборат аст, балки ашёи гуногунро дарбар гирифта, муносибати одамонро ба ин ё он ҷамъият, масалан ба қабила, сипоҳ, дину ойин ва ғайра ифода мекард. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон матои рсоткунҷаест, ки дар рӯи он се рахи рангаи ба таври уфуқӣ ҷойгирифта кашида шудааст. -рахи боло рангши сурх дошта, паҳноии он ба рахи сабзи поён баробар мебошад; -рахи сафеди мобайнӣ якуним баробари паҳнои яке аз рахҳои ранга аст. Дар рӯи рахи сафед аз ҷойи чӯбдаста дар мобайни парчам бо зарҳал рамзи тоҷ ҷой дода шуда ва дар болои он ҳафт ситора дар шакли нимдоира тасвир шудааст. Таносуби бару дарозии умумии Парчам 1:2 аст. Тоҷ ва ситораҳои Парчам дар шакли росткунҷае ҷой дода шудааст, ки паҳлӯи амудиаш 0,8 ва паҳлӯи уфуқиаш 1,0 аз паҳнои рахи сафед аст. Ситораҳои панҷгӯша дар доираи қутраш 0,15 акс ёфта, дар нимдоираи радиусаш 0,5-и паҳнои рахи сафед васл мегарданд. Маънӣ ва шарҳи илмии рангҳои парчам бо рангҳои миллии тоҷикон чун дигар мардуми ориёнажод ва эронитабор сурху сафеду сабз, ки аз гаҳи бостон то замони мо расидаанд, асоснок карда мешаванд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рангҳои парчами миллиро “Ифодагари роҳи таърихии халқи Тоҷикистон ва баёнгари арзишҳои фарҳанги миллӣ ва сиёсӣ” дониста, гуфтаанд: -“Ранги сурх-рамзи муборизаву ҷоннисории халқ барои озодӣ ва истиқлол, ранги сафед-нишони бахту саодат, умеду орзӯ ва ранги сабз-нишонаи сарсабзиву шукуфоӣ, сарбаландиву хуррамӣ ва абадият мебошад. Дар байни парчам тасвири тоҷ ва ҳафт ахтар ҷой гирифтааст, ки он ишора ба решаҳои таърихии давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад”. Дар куҳантарин икишвардории тоҷикон парчаме бо номи “Дирафши Ковиёнӣ” будааст, ки онро “Ахтари Ковиёнӣ” низ хондаанд. То қабули парчами кунунӣ, Тоҷикистон парчами пешинаи шӯравиро, бо андак дигаргунӣ, бе ситораи панҷгӯша ва нишонаи коммунистии “досу путк” ба кор мебурд. Ҷумҳурии Тоҷикистон 9-уми сентябри соли 1991 Истиқлолияти давлатии худро эълон намуд ва баъд аз панҷ моҳ ҳамчун ҷумҳурии мустақил узви комилҳуқуқи СММ гардид. То санаи қабули нишон ва парчами давлатӣ чанд моҳ қбл озмун эълон карда шуд, ки он ба таври пӯшида ҷраён меёфт. Дар озмун зиёда аз 200 лоиҳа пешкаш карда шуд, ки ҳар як лоиҳаро комиссияи махсус таҳти роҳбарии академик Муҳаммад Осимӣ мавриди омӯзиш ва хулосабарорӣ қарор медод. Парчам ва нишони давлатие, ки аз ҷониби Ҳабибуллоев З., Заневский А., Додхудоева Л., Игнатушина Н. ва Сайдалиев М. пешниҳод шуда буд, аз тарафи комиссия пазируфта шуд.
Муқовиматҳои сиёсии солҳои 90-ум ба таҳия ва қабули рамзҳои нави давлатӣ монеа эҷод кард ва танҳо санаи 24-уми ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоб дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нишон ва Парчами нави давлатӣ қабул гардид. Моҳи сентябри соли 2011 дар доираи чорабиниҳои омодагӣ ба ҷашни 20-солагии Истиқлолияти давлатӣ баландтарин парчам дар ҷаҳон, дар шаҳри Душанбе (165 метр) бунёд шуд, ки он ба китоби Рекордҳои Гиннес ворид гардид. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон симои Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Мо ба ин парчам ифтихор дорем ва бигузор ин парчам то абад пойдор бимонад. Ҷашни рӯзи Парчами Тоҷикистон муборак Ҳамдиёрон!
Ш. Ҳусайнов, Д. Убайдов, кормандони шуъбаи маориф.