Бо шарофати азму талошҳои ватандӯстона ва роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми шарафманду заҳматпешаи ҷумҳурӣ ва ноҳия дар фазои сулҳу амният ва ваҳдати миллӣ ба раванди корҳои ободониву созандагӣ торафт вусъати тоза бахшида истодаанд. Вобаста ба вазъияти мураккабу глобалии имрӯзаи ҷаҳон, яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати байналмилалӣ, ин мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм ба ҳисоб меравад. Тавре аз расонаҳои хабарӣ огоҳи доред, имрӯз дар як қатор давлатҳои Шарқи наздик ва Осиёи Марказӣ ҷангҳои харобиовар идома дошта, боиси афзоиши шумораи фирориёни иҷборӣ, бекорӣ, гуруснагӣ ва шиддат гирифтани проблемаҳои дигари иҷтимоӣ гардида истодааст. Дар ин вазъият терроризм ва ифротгароӣ беш аз ҳарвақта авҷ гирифта, бо оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ дар асри бисту як ба проблемаи ҷиддитарини инсоният табдил ёфтааст. Ба бозгӯии таърихи башарият, дар шароити имрӯзаи зуҳури фаъолияти ташкилотҳои экстремистӣ ва террористии байналмиллалӣ боиси нигаронӣ ва изтироби аҳли ҷомеаи ҷаҳонӣ гардида, ин таҳаввулоти фоҷиабарангез баҳри аз байн бурдани истиқлолияти комили даҳҳо мамолик ва сабаби оғоз гардидани ҷангу ҷанҷолҳои марзиву маъмурӣ ва диниву мазҳабӣ мегардад, ки Тоҷикистон низ истисно нест. Тибқи нишондоди моддаи 1-и Каниститутсия, «Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона буда, шакли идораи Ҷумҳурии Тоҷикистон президентӣ мебошад. Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Тоҷикистон ҳамманоанд. Аҳолии ноҳия 59513 нафар буда, 29400 нафарро занон ва 30113 нафарашонро мардон ташкил мекунанд. Тибқи таносуби синнусолӣ 36,9 фоизи аҳолирокӯдакону наврасони то сини 14 сола ва 5,8 фоизро калонсолон ташкил медиҳад. Сини қобили меҳнат, мардҳои аз 15 то 62 сола ва занҳои аз 15 то 57 сола 57,5 фоиз, яъне қишри меҳнаткаш ва пешбарандаи сиёсати кишоварзиву иҷтимоӣ ва идеологии аҳолиро ташкил медиҳад. Дар умум дар ноҳия 52 муассисаҳои таълимӣ, аз ҷумла 31 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 15 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ, 2 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ, 2 муассисаи таҳсилоти томактабӣ, як Гимназия ва як Литсейи давлатӣ фаъолият доранд, ки дар онҳо 12 ҳазору 660 хонанда ба таҳсил фаро гирифта шуда, ба онҳо 938 омӯзгор таълим медиҳанд. Инчунин дар ноҳия 1 Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи касбии техникӣ» ва 1 Коллеҷи хусусии тиббӣ фаъолият дорад. Дар 5 соли охир аз ҷониби хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия дар олимпиадаҳои фаннии ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ 335 медал, аз ин 15 медали тилло ба даст овардаанд. Имрӯзҳо дар шароити ҷаҳонишавӣ хатарҳои нави идеологӣ ва истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ ба маротиб афзуда истодааст, ки ин таъсири худро ба идеалогияи миллӣ мерасонад. Идеологияро дар як вақт ҳамчун мафкураи миллӣ ва ё мафкураи ҷамъиятии давлатӣ фаҳмидан мумкин аст, вале он нисбатан маънои васеъ дошта, фарогири маҷмӯи муносибатҳо ва назарҳо буда, барои талқини ғояҳо ва манфиатҳои муайяни сиёсӣ-иҷтимоӣ равона мегардад. Идеология илми мустақил нест, аммо он ифодагари донишҳои иҷтимоӣ-сиёсии марбут ба манфиатҳои хусусияти умумидошта буда, муносибатҳои муайяни иҷтимоиро мавриди омӯзиш ва баҳогузорӣ қарор медиҳад. Барои аз байн бурдани низоми давлатдорӣ пеш аз ҳама идеологияи онро аз байн мебаранд ва ё дар фазои холигии он идеологияи бегонаи таҳмилшударо ҷой мекунанд. Бо чунин роҳ гуруҳҳои террористӣ-экстремистӣ ба сохти кониститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсири худро расонидан мехоҳанд. Гурӯҳҳои террористиву эктремистӣ барои даъват ва ҷалб намудани ҷавонон ба сафҳои худ бо истифода аз технологияҳои муосири иттилоотӣ роҳу усулҳои навро истифода карда, ҷавонони камтаҷрибаву ноогоҳро бо ғояҳои тундгароӣ гумроҳ месозанд. Бинобар ин, сохторҳои марбута ҳамоҳангсозии фаъолиятро дар самти ошкор ва пешгирӣ намудани хавфу хатарҳои террористиву экстремистӣ боз ҳам вусъат бахшида, бо роҳи тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ пеши роҳи гароидани ҷавононро ба равияҳои ифротгаро гирифта, онҳоро дар рӯҳияи садоқат ба халқу Ватан ва эҳтиром ба арзишҳои умумиинсонӣ тарбия намоянд. Терроризм ва ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлуб дар замони имрӯза ба шумор меравад, зеро зуҳуроти мазкур боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш, аз ҷумлаи таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнин, таҷовуз ба ҳаёти инсоният, арбобони давлатӣ ё ҷамъиятӣ, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионӣ дар мамлакат, ғасби ҳокимият ва аз они худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низоми миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ мебошад. Имрӯз терроризм дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон доман паҳн карда, хатари бузурги иҷтимоӣ дорад ва барои амнияти давлатҳои алоҳида ва минтақаҳо воқеан таҳдид эҷод менамояд. Бо назардошти тадбирҳои дар бахши мубориза бо терроризму экстремизм андешидашудаи солҳои охир, таҳдиди амалҳои нави террористӣ на фақат аз байн нарафтааст, балки афзоиш ёфтааст. Дар гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон фаъолшавии созмонҳои террористӣ, аз қабили “Давлати исломии Ироқу Шом”, “Салафия”, “Ҳизби наҳзати ислом”, “Гуруҳи 24”ва ташкилоту созмонҳои маблағгузори онҳо ба мушоҳида мерасад, ки ба амнияти кишвари мо хатари ҷиддиро дар пай дорад. Дар ҳудудиноҳия 57 масҷид фаъолият дорад, ки дар муқоиса 6 масҷид назар ба муассисаҳои таълимӣ зиёд мебошад. Далели раднопазири аст, ки мутаносибан ба шумораи аҳолӣ дар хеле кам кишвари исломӣ ин теъдод масҷид метавонад вуҷуд дошта бошад. Биноан, ин омилро бояд қайд намуд ва шукри истиқлолияти миллиро ба ҷо овард. Хуб дархотир дорем, ки то замони истиқлолият мардуми мусулмони Тоҷикистон кафолат ва таъмини чунин озодиҳо ва ҳуқуқҳои диниро ҳатто орзу карда наметавонистанд. Собит шудааст, ки “агар аз таърих сабақ нагирӣ, фоҷеаҳои он такрор мешавад”. Барои он, ки ҳаводиси солҳои навадуми асри гузашта такрор нашавад мо вазифадорем, ки дар сиёсати давлатии худ асли дунявиатро қотеона ҳифз кунем ва инкишоф диҳем, диндории шаҳрвандонр бо майлу иродаи шахсӣ ҳисобем ва аслҳои озодии эътиқодро тарафдорӣ карда, онҳоро дар амал тадбиқ намоем. Яке аз сабабҳои шикасти давлати миллии тоҷикон Сомониён ва зиёда аз 1000 сол дар зери итоати бегонаҳо азият кашидани мардуми тоҷик низ фирефта шудан ва ба руҳониёни беҳувият гуш додани онҳо буд. Қаҳрамони халқи тоҷик Восеъро маҳз гумоштаҳои идеологии амирони турк ба қатл расонидаанд. Баъди зулму истибдодиҳазорсолаи арабу турку муғул, манғитуҳаракатибосмачигарӣ ва таблиғи пантуркизму панисломизм, ҳамон барнома дар солҳои 90-уми асри 20 бо тағйиру навовариҳоимудҳиштартакрорёфт. Руҳониёнбаномтоҷик, валедарасларабу туркпараст давлати тоза ба Истиқлолрасидаитоҷикродаррузҳоиаввали таъсисаш бо партофтани шиорҳоиисломӣ, нест кардани шуданд. Терроризм ва ифротгароӣ беш аз ҳарвақта авҷ гирифта, бо оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ ба проблемаи ҷиддитарини инсоният дар асри бистуяк табдил ёфтааст. Ифротгароӣ дар кадом шакле набошад, онро мо қабул надорем, чунки он ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандонро поймол мекунад. Қайд кардан ҷоиз аст, ки ифротгароӣ асосҳои маънавии ҷомеаро вайрон намуда, ба амнияти минтақа, тамоми ҷаҳон, аз он ҷумла ба амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам таҳдид мекунад. Ба муқобили ифротгароӣ бояд ҳама мубориза баранд. Экстремист шахсест, ки дар фаъолияти худ ҷонибдори амалҳои якравию тундравӣ, зуроварӣ ва таҷовуз ба илму фарҳанг аст. Ин амалу зуҳурот метавонад, дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон – дар дин, сиёсат, идеология, илм ва ҳатто дар варзиш низ ба миён ояд. Таълимоти ғайриқонуниидинӣ – сарчашмаи таблиғу ташвиқи идеологияи ифротӣ ва қадами аввалини гирифтор шавии ҷавонону наврасон ба ташкилотҳои экстремистиву террористӣ мебошад. Чунончӣ, фарогирифтани кӯдакону наврасон ба таълимоти ғайриқонунии динӣ, аз як тараф сабаби монеъагӣ эҷоднамудани волидайн барои таълимоти ҳатмии миёна гирифтани кудакон, инчунин таъсири манфӣ расонидан ба ҷараёни таълиму тарбияи насли наврас дар мактаб бошад, аз тарафи дигар заминаи мусоид барои ташаккули тафаккури сирф динии кӯдакон, ифротгароӣ ва ҷоҳилпарастии онҳо замина мегузорад. Дар ду соли охир дар ҳудуди ноҳия аз ҷониби мақомотҳои салоҳиятдор 30 далел ошкор ва ҳуҷҷатгузорӣ гардида, аз таълимоти ғайриқонунии дини 164 нафар пешгирӣ карда шудаст. Нисбати ба ду нафар парвандаи ҷиноятӣ, нисбат ба 19 нафар чораҳои таъсиррасонӣ бо роҳи ҷаримабандии онҳо андешида шудааст. Доир ба иҷро нагардидани талаботҳои Қонуни ҶТ«Дарбораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Дар бораи маориф» аз ҷониби сокинони ноҳия, ки монеаӣтаҳсилифарзандонмегарданд, муайян карда шуда, нисбаташон дар асоси моддаи 164-и КҶ ҶТ парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шуда, дар асоси ҳукми суд ҷаримабандӣ карда шуданд. Дар байни сокинони ноҳия пӯшидани либосҳои хоси дини дошта ба мисли сатру ҳиҷоб асосан дар байни занон низба чашм мерасад. Пӯшидани ин гуна сару либос бар хилофи манфиатҳои миллӣ мебошад. Дар ҳудуди ноҳияи Ховалинг дар мадрасаҳои дини хориҷи кишвар аз ҳисоби бошандагони ноҳия 64 нафар буданд, ки ҳамаашон ба Ватан баргардонида шуданд. Вобаста ба шомил шавки бошандагони ноҳия ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ, алалхусус «Салафия», ки яке аз масъалаҳои доғи рӯз ба ҳисоб меравад, ҷойдорад, ки бо дастрасии моддаи 307, прим 3,қисми 2-и Кодекси ҷиноятии ҶТ ба муҳлатҳои гуногун аз озодӣ маҳрум гардида, дар асоси тадбиқи Қонуни ҶТ «Дар бора иавф» айни замон ба озодӣ баромадаанд. Зикр намудан ба маврид аст, ки як қисмати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хусус ҷавонон дар хориҷи кишвар дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд, ки яке аз ҷанбаҳои ҷалби шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷинояти хусусияти террористӣ ва экстремистӣ аз ҳисоби ин ҳо мешавад. Дар ин замина, таҳлили маълумотҳои ҷойдошта ва раванди тағйирёбии вазъи геополитикии минтақа ва ҷаҳон шаҳодат аз он медиҳанд, ки хоинони миллати тоҷик, яъне роҳбарони ташкилоти террористии «Ҳизби Наҳзати Ислом», “Паймони миллии Тоҷикистон”, “Гуруҳи 24” дар қаламрави кишварҳои Аврупо мустақар гардида, бештар аз қувваи зеҳнии муҳоҷирони тоҷик истифода менамоянд. Ҷомеаи ҷаҳонӣ то кадом андоза фоҷиабор будани созишкорӣ бо гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистиро беш аз пеш дарк кардаанд. Далели равшан ба ин, ташкили ниҳодҳои байналмиллалии мубориза бар зидди терроризму экстремизм ва таҳияи феҳристи ягонаи гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ мебошад. Имрӯз хатари тероризми ҷаҳонӣ тамоми мар думи ҷаҳонро водор месозад, ки аз амалу рафтори Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон брат гирифта, баҳри пешгирии амалҳои номатлуб аз қабили терроризм ва экстремизм бо роҳи дастаҷамъӣ, ҳамкорӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ ҷомеаи ҷаҳониро аз ин вабои аср раҳоӣ бахшанд. Ҳар яки мову шуморо зарураст, ки бо шукргузорӣ аз неъмати буз урги бадастовардаамон –озодиву истиқлол, соҳибдавлативу соҳибихтиёрӣ, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ ҷиҳати руди минбаъдаи иқтисодиву иҷтимоии кишвар, инчунин барои боз ҳам беҳтару хубтар намудани сатҳу сифати зиндагии халқамон бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва меҳру садоқат ба Ватани маҳбубамон аз ҳарвақта бештар заҳмат кашем.
Сабтҳои охирин
Хар ки бо душмании халќ равон аст чу барќ…,
Имрузҳо дар сар то сари ҷаҳони муосир як ҷунбише як инқилобе ба вуҷуд омадааст, ки ин инқилоб тақдири ҳар як халқу миллатро ҳал менамояд. Бале ин инқилоб қонунҳои нонавиштаи худро доро аст. Кадом нафаре, халқу миллате, ки ҳар чи тезтар ба ин қонунҳои норавшан ва ҳатто аз меъёр дур сарфаҳм раваду ҳарчи тезтар ба якдигар […]
Сарфаи нерӯи барқ ба буҷаи оила манфиат меорад
Давоми чанд соли охир дар кишвар истеҳсоли нерӯи барқ ба маротиб афзуда, маҳдудият дар истифодаи он бардошта шуд. Ин вазъ боис шуд, ки аксарият аз аъзои ҷомеа дар истифодаи барқ ба зиёдаравии бемаврид даст заданд. Чунон чи истифодаи нодурусти асбобҳои зиёди гуногуни барқӣ дар манзилҳои истиқоматии шаҳрвандон, ки ба буҷаи теъдоди зиёде аз хонаводаҳо дар […]
Терроризм ва экстремизм.
Терроризм ва экстремизм душмани башарият ва таъриху миллат дар ҳама давру замон аст ва амалҳову ниятҳои нопоки харобкунандааш барои рушду пешрафти давлату ҳукумат монеа эҷод карда, ба оромии ҷомеа халал ворид месозад. Ҳодисаи террористие, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн гардида буд, ҳисси нафратро бар дили мардуми сайёра нисбат ба ашхоси ба гирдоби ин вабои аср […]